fbpx

Хадамоти зиддининҳисории Тоҷикистон болоравии нархи газу бензинро шарҳ дод

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ нархи миёнаи воридоти бензин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 29,7 фоиз (аз 420 доллари ИМА ба 545 доллари ИМА ) баланд гардидааст.


0
Акс аз Радиои Озодӣ

Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна кам бензин ворид шудааст. Ба ҳолати 12-уми июл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи бензин аз 8,70 то 9,50 сомонӣ арзиш дорад, гуфт дар вохӯрӣ бо журналистон Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали директори Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

“Тибқи таҳлили маълумотҳои гумрукӣ ва гузаронидани мониторинги доимии бозори молӣ болоравии нархи воридотии сӯзишворӣ , аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ, инчунини фурӯши чаканаи онҳо моҳ ба моҳ бо назардошти баланд гардидани нархи як тоннаи он дар корхонаҳои коркард ва биржаҳои чахонию минтақавӣ ба мушоҳида расида истодааст”, – гуфт Қурбонзода.

Таҳлилу омӯзиши кормандони хадамот нишон додааст, ки нархи миёнаи воридоти бензин дар моҳҳои январ – июни соли 2021 соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 29,7 фоиз (аз 420 доллари ИМА ба 545 доллари ИМА ) баланд гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ ба Тоҷикистон 29 субъекти хоҷагидорӣ бензин ворид мекунанд. Онҳо дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ ба кишвар 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 млн доллари амрикоӣ ва бо нархи миёнаи 545 доллар ворид намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна кам мебошад.

“Аз рӯи нархи воридоти ҳармоҳҳа бошад, муайян гардид, ки дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ нархи воридотии бензин нисбати моҳҳои январ ва феврали соли гузашта коҳиш ёфта, шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ то кунун афзоишёбии он ба назар расида истодааст, ки дар маҷмӯъ андозаи он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 332 доллари ИМА баланд гардидааст”, – гуфт ин масъул дар нишаст.

Қурбонзода қайд кард, ки нархи фурӯши чаканаи бензин ба санаи 12 июли соли 2021 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил намуда, айни ҳол дар ин сегменти бозори молӣ ҳолати камчинӣ ба мушохида намерасад.

Воридоти гази моеъ

Дар моҳҳои январ – июни соли 2021 аз ҷониби 16 субъекти воридкунанда ба ҷумҳурӣ 229,9 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 103,8 млн доллари ИМА ва бо нархи миёнаи 452 доллари ИМА барои як тонна ворид карда шуд, ки аз ин 93,6 фоизи воридот аз Қазоқистон, 6 фоиз аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ва 0,35 фоиз аз Федератсияи Россия рост меояд, – гуфт дар нишаст Қурбонзода.

Ӯ қайд кард, ки  дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нархи миёнаи воридоти гази моеъ 452 доллари ИМА – ро ташкил менамояд , ки дар муқоиса нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 61 доллари ИМА 15,6 фоиз баланд гардидааст .

Ба гуфтаи ӯ, айни замон нархи фурӯши чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ аз 5,4 то 5,8 сомониро ташкил менамояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend