logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши нархи барқро шарҳ дод

Яке аз кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, дар натиҷа хароҷот барои молу хизматрасониҳо низ меафзояд.

Your tj

12:0711.02.2026

Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши нархи барқро шарҳ дод

Гароншавии тарифҳои барқ ва гармидиҳӣ ба эҳтиёҷи молиявӣ дар соҳаи энергетика, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди муассисаҳои қарзӣ, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, гароншавии нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, ҳамчунин баланд шудани маоши кормандони соҳа вобаста аст.

Ҳайдаралӣ Раҷабзода сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 6 феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби гароншавии барқро чунин шарҳ додааст, менависад "Азия-Плюс".

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 тарифҳо ду маротиба бознигарӣ шуданд ва апрели соли гузашта низ нархи барқ барои аҳолӣ боло рафта буд.

Аз 1 феврали соли 2026, қарори нав дар бораи тарифҳои барқ ва гармидиҳӣ мавриди амал қарор гирифт. Ба гуфтаи Раҷабзода, ин қарор барои рушди соҳаи энергетика ва таъмини устувории молиявии ширкатҳои «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсими барқ» равона шудааст.

Ҳамчунин, яке аз кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, гароншавии тарифҳо ба бисёр бахшҳои иқтисод таъсир мерасонад. Барқ унсури асосӣ барои операторони мобилӣ, корхонаҳои алоқа, хонаҳо ва соҳаи истеҳсолот аст. Дар натиҷа хароҷот барои молу хизматрасониҳо низ меафзояд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

14 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ