Хадамоти алоқа барои қабули шикоятҳо маркази тамос таъсис дод

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди вазъи хизматрасониҳои алоқа маркази махсуси тамос таъсис дод.

“Минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 40-30 нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд”,- омадааст дар баёнияи ин ниҳод, ки 18-уми феврал нашр шуд.

Ба иттилои хадамот, маркази тамос ҳамарӯза ба таври шабонарӯзӣ амал мекунад.

Гуфта мешавад, дар баробари соддаву дастрас будани механизми нави онлайнӣ ва интерактивӣ, Марказ баррасӣ ва бартараф намудани оҷилӣ ва дақиқи арзу шикоятҳоро таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Исфандиёри Саъдулло моҳи январ раиси нави Хадамоти алоқа таъйин шуд. Пеш аз ӯ Бег Сабур давоми 10 сол сари ин вазифа буд ва ба нафақа рафт.

Исфандиёри Саъдулло рӯзи 29 январ, дар нахустин нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, бо вуҷуди камбудиҳо “сифати алоқа хеле беҳтар шудааст”.

Ӯ афзуд, дар баробари ин истифодабарандагон, аз ҷумла “блогерон низ зиёд шудаанд” ва ба гуфтаи ӯ ин яке аз омилҳои паст будани суръати интернет аст.

Сабаби дигари сифати пасти интернет ва алоқаро ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон рабт дод.

Skip to toolbar