Хабари хуш. Русия парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор мекунад


Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон

Акс аз маркази матбуотии Сомон Эйр

Русия аз 1 апрел парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон пас аз танаффуси яксола барқарор мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.

Бино ба иттилоии хабаргузории РИА Новости Русия парвозҳои мунтазамро аз 1–уми апрел бо Тоҷикисто, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Гуфта мешавад, ин хабарро муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова пас аз ҷаласаи Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус ба рӯзномагирон расонидааст.

“Дар асоси натиҷаҳои муҳокима, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои алоҳида ва мувофиқа бо сарвазир Михаил Мишустин оид ба барқарорсозии парвозҳои мустақим аз 1-уми апрели соли ҷорӣ бо кишварҳоиВенесуэла ( Москва-Каракас ҳафтае ду маротиба), Сурия (Москва-Димишқ ҳафтае як маротиба), Тоҷикистон (Москва-Душанбе ҳафтае як маротиба), Ӯзбекистон (Москва-Тошканд ҳафтае як маротиба) ва Шри-Ланка (Москва-Коломбо ҳафтае як маротиба) қарор қабул карда шуд”, – гуфта мешавад дар ин сомонаи хабарӣ.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия миёнаи моҳи март баста шуда буд. Ҷонибҳо барои таҳвили шаҳрвандони худ танҳо аз парвозҳои чартерӣ истифода мекунанд, ки нархи чиптаҳо хеле арзиши баланд доранд.

Дар бораи барқарор шудани парвозҳо то ҳол ҷониби Тоҷикистон иттилои расмие пахш накардааст.

Чанде пеш муттахассиони Роспотребнадзор барои мубодилаи таҷриба бо ҳамкасбони тоҷики худ ба Душанбе омада буданд.  Коршиносон ҳадс мезаданд, ки пас аз омӯзиш ва мусбат баҳогузорӣ шудани вазъи эпидемиологии кишвар аз ҷониби ин муттахассисон мумкин аст парвозҳои мунтазам байни кишварҳо барқарор шавад.