fbpx

Хабарҳои Тоҷикистон: Дар се моҳ дар Конибодом 13 нафар аз чор оила кушта шудаанд

Ин ва дигар хабарҳои муҳими ҳафтаи охир дар барномаи “Навиди ҳафт рӯз”.


1
1 point

Хабару руйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта:

  • Дар се моҳ дар Конибодом 13 нафар кушта шудаанд;
  • Тоҷикеро дар Амрико барои таъқиби собиқ ҳамсараш боздошт карданд;
  • Шоҳрух Садидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Дар се моҳи охир дар Конибодом 13 нафар аъзои чор хонавода кушта шудаанд

Охири моҳи март дар шаҳри Конибодом 5 узви хонаводаи Шариповҳо, аз ҷумла ду кӯдаки 10 ва 8-сола кушта шуданд. Дар аввал мақомот эълон карданд, ки марди 65-сола зану келин ва ду набераи ноболиғашро кушта, сипас даст ба худкушӣ задааст. Аммо баъдан тафтишот муайян кард, ки ин мард барои гумроҳ кардани муфаттишон ба дор овехта шудааст, яъне қотил ё қотилон то ҳол дар озодӣ ҳастанд. Тафтишот идома дорад.

Шаби 16 ба 17 апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом ҷасади зану шавҳар бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шуд. Сабаби куштор ва қотил маълум нест.

Дар ду куштори охир, ки шаби 28 ба 29 май дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом анҷом дода шудааст, шаш нафар аз ду хонавода кушта шудаанд. Як хонаводаи кушташудагон тоҷик ва дуюмӣ қирғиз ҳастанд.

Дар оилаи якум модари 38-сола, ва ду фарзанди 17 ва 14-солааш кушта шуданд.

Дар оилаи дуюм зани 54-сола бо бародари 47-солаву хоҳари 46-солааш кушта шуданд.

Шоми ҳодиса дар баробари онҳо се кӯдак низ қарор доштаанд, ки зинда монданд.

Сокинони вилоят ва чанде аз наздикон дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ гуфтаанд, ки аз манзилҳои қурбониён пулу амвол ғайб задааст.

Мақомот ва наздикони қурбониён ин ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо сабабҳои ин кушторҳо то ҳол маълум нест ва омилонаш боздошт нашудаанд.

Як зодаи Тоҷикистон дар Амрико барои пайгирии ҳамсараш тавассути AirTag боздошт шудааст

Як зодаи Тоҷикистон, ки барои пайгирии ҳамсари собиқаш дар Амрико аз AirTag истифода кардааст, боздошт шуд. Дар ин бора як нашрияи интернетии амрикоии ки ба таҳқиқоти марбут ба амнияти рақамӣ машғул аст, хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин мард ба шабакаи қочоқи инсон дар Русия ҷалб шудааст.

Прокуратураи федеролии Амрико аз гумонбар Ибодулло Муҳиддинов ном бурдааст.

Пас аз кофтукоб дар телефони гумонбар папкае пайдо шудааст, ки дар он ҳудуди 140 акс ва видеои маҳрамонаи ҳамсари собиқаш мавҷуд буд.

Муфаттишон қайд карданд, ки Муҳиддинов “ба манбаъҳои бузурги молиявӣ дастрасӣ дорад ва дар як шабакаи бузурги қочоқи инсон, ки бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ алоқаманд аст, даст дорад”.

Тафтишот маълум кард, ки ба ҳисобҳои бонкии Муҳиддинов интиқоли маблағҳои калон сурат гирифтааст.

Муҳиддинов ба гуноҳаш иқрор нашудааст ва рӯзи 8 июн ба додгоҳ ҳозир мешавад.

Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъйин шуд

7-уми июн дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде аз кадрҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо нафарони нав таъйин шуданд.

Аз ҷумла, Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе барканор ва ба ҷойи ӯ Шоҳрух Саидзода таъйин шуд, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

Ҳамчунин, Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сабукдӯш гардид, вале маълум нест ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд.

Баҳодур Ваҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт барканор гардида, маълум нест ба ин мансаб кӣ таъйин шуд.

Инчунин, сардори як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои низ иваз шуданд.

Дар Тоҷикистон аз се як ҳиссаи кӯдакони синни то панҷсола ба норасоии ғизо гирифторанд

Ин боиси то 50 фоиз афзоиш ёфтани эҳтимолияти гирифтории онҳо ба лоғарӣ мегардад, хабар медиҳад ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ.

Тибқи ин гузориш, зиёда аз 431 ҳазор кӯдаки то панҷсола дар Тоҷикистон наметавонанд, хӯроки серғизо ва гуногунро дастрас ва истеъмол кунанд,.

Якчанд омилҳо ба авҷ гирифтани буҳрони норасоии ғизо дар ҷаҳон сабаб шудаанд: аз ҷумла низомҳои озуқаворие, ки барои кӯдакон имконоти хӯроки серғизо, бехатар ва  дастрасро фароҳам намекунанд, қодир набудани оилаҳо ба харидории хӯроки серғизо ва қодир набудани волидайн ба қабул ва риояи амалияҳои мусбати ғизодиҳии кӯдакон, омадааст дар гузориши Юнисеф

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо Урдун бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрд

Бозӣ шаби гузашта дар варзишгоҳи шаҳри Аммон, пойтахти Урдун баргузор гардид.

Ин бозӣ дар доираи бозиҳои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 баргузор шуд.

Бо ҳамин дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз иштирок дар марҳилаҳои дигари Ҷоми Ҷаҳон-2026 маҳрум шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend