Тоҷикистон аз истифодаи фурӯзонакҳо даст кашидан мехоҳад
Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори марбута воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдорро манъ кард. Лампаҳои симобдор дар номгӯи маҳсулоти таҳти рамз (код)-и 8539322001 зикр шудааст.
Ҳукумат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки назорати иҷрои қарори аз 28 майи соли ҷорӣ қабулшударо таъмин созанд.
Инчунин ба дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати “тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ” тадбирҳо андешанд.
Манъи воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои симобдор ба гумони ғолиб, ба мушкилоти ҷамъоварӣ ва безарар гардонидани онҳо вобаста аст.
Қурби доллар дар Тоҷикистон боз паст шуду рубл боло рафт
Қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ боло рафта, ҳамзамон нисбат ба рубл поин меравад.
Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, ба андозаи 0,9% (аз 11,3000 то 11,1990 сомонӣ барои 1 доллар) боло рафта, дар баробари рубл бошад, ба миқдори 1,1% – аз 0,1750 то 0,1770 сомонӣ (барои 1 рубл) поин рафт.
Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.
Муҷозоти ду нафар барои парвариши хук дар Суғд
Дар вилояти Суғд ду соҳибкорро барои парвариши 400 хук дар наздикии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷазо додаанд. Мақомот рӯзи 10-уми июн гуфтанд, дар оғоз ба зидди Даврон Мустафоев ва Насим Дӯстматов парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо дертар онро ба ҷарима иваз карданд.
Ҳарду соҳибкор дар маҷмуъ зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ пардохтаанд. Ин пул барои барқарор кардани замине, ки аз партови хукҳо зарар дидааст, сарф хоҳад шуд.
Насим Дӯстматовро соли гузашта бо гуноҳи “ифлос кардани дарёи Сир” дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур карда буданд. Вай гуфта буд, аз ночорӣ хук мепарварад, чун кори дигар надорад. Баъдан хукҳояшро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчондааст.
Моликони фермаи хукпарварӣ мегӯянд, талабгорони онҳо асосан коргарони чиниҳо ҳастанд. Ҳазорҳо шаҳрванди Чин дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони иншооти муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи шимоли кишвар, кор мекунанд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаи истеҳсолу атласу адрас месозанд
ҶДММ “Атласи Хуҷанд”-и вилояти Суғд ният дорад, ки бо корхонаи “Кумуш-Сола”-и вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон корхонаи муштарак таъсис диҳад.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи нав “Самарқанд-Суғд-Силк” ном гирифта, дар ин самт айни замон корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти таъсиси корхона маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, танҳо дар ду моҳи охир истеҳсоли зиёда аз 12 намуди атласи нав ба роҳ монда шудааст.
Муҳассилини Суғд аз олимпиадаи байналмилалӣ 39 медали тиллою нуқра оварданд
Муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд дар олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” 39 медал гирифтанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” ба хонандагони мактабҳои вилояти Суғд муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оранд.
Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” тариқи фосилавӣ аз фанни “Мантиқ” баргузор гардид.
Бино ба гузориши манбаъ, дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 давлати дунё иштирок намудаанд.
Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар 5 категорияи синну солӣ намояндагӣ карданд.
Ҳамин тавр, хонандагони “мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон 35 медал, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.