Гузариш ба иқтисоди сабз. Он чӣ гуна амалӣ мешавад?

Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди сабзро қабул кардааст. Аммо на ҳама мефаҳманд, ки ин чӣ аст. Бисёриҳо, иқтисоди сабзро танҳо бо нерӯи барқи обӣ алоқаманд медонанд. Аммо дар асл ин чист? Чаро гузаронидани аудити энергетикӣ дар истеҳсолот муҳим аст ва ин ба иқтисоди сабз чӣ иртибот дорад?

Мо ин масъаларо бо ҷонишини директори ширкати “Системавтоматика” Мансур Қудусов муҳокима кардем.

Мафҳуми иқтисоди сабз нисбатан мафҳуми нав аст ва маҳз он инсониятро водор менамояд, ки фаъолияти манфии иқтисодии худро ба муҳити зист кам намояд.

“Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва иқтисодиёти он дар ҳоли рушд мебошад. Ҳамаи давлатҳои рӯ ба рушд бояд барои беҳбудии муҳити зист рӯ ба иқтисоди сабз оваранд”,- шарҳ дод Мансур Қудусов.

Ӯ гуфт, Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2027 дар ҳоли амалишавӣ аст. Он аз чанд марҳила иборат аст. Тибқи он барои истеҳсолоти хурду миёна якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.

“Марҳилаи аввал ба ташаккули маърифати экологӣ нигаронида шудааст. Мувофиқи ин Стратегия то соли 2030 бояд 10 фоизи энергия аз ҳисоби нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ истеҳсол шавад. Баъдан кам кардани партовҳо, коҳиш додани гази карбон ва дуруст истифода бурдани обҳои табиӣ низ ба назар гирифта шудаанд”,- шарҳ дод мутахассис.

Қудусов қайд кард, ки ин ҳама марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд ва ҳоло соҳибкорон дуруст дарк накардаанд, ки чӣ гуна имтиёзҳоро доранд. Шарикони рушд барои онҳо кредитҳо ва грантҳоро пешниҳод мекунанд, ки бо истифода аз он метавонанд худро ба иқтисоди сабз мутобиқ намуда, корро пеш баранд, афзуд ӯ.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Маълумоти бештарро оид ба иштирок дар барномаи “Машварат барои тиҷорати хурд” бо рақамҳои телефони +992 487011325 гирифта метавонед (Малика, Дилноза).

Силсилаи подкастҳо бо дастгирии барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд “Машваратҳо барои тиҷорати хурд” дар Тоҷикистон омода шудааст. Барнома аз ҷониби Ҳукуматҳои Швейтсария ва Ҷопон тавассути Фонди тиҷорати хурди БАТР, ки аз ҷониби Италия, Корея, Люксембург, Норвегия, ҳукумати Швейтсария, Шветсия, ИМА, Фонди ҳамкории техникии тиҷорати Тайван маблағгузорӣ карда мешавад, дастгирӣ меёбад.

Ақидаҳои мусоҳоибон метавонад бо ақидаҳои донорон мувофиқат накунад.

Skip to toolbar