Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
Your.tj
Дата публикации: 16:0705.10.2026
Global Gateway - стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими шарикӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Он соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва маорифро дар бар мегирад. Ба таъкиди Иттиҳоди Аврупо, ҳадафи ин ташаббус мусоидат ба «рушди устувори ба инсон нигаронидашуда, ки ҳеҷ касро дар канор намегузорад», мебошад.
Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ин стратегия ба яке аз абзорҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат бо кишварҳои минтақа табдил ёфтааст. Дар ин раванд Иттиҳоди Аврупо на танҳо ҳамчун донор, балки ҳамчун шарики манфиатдор ба рушди устувори кишварҳои минтақа баромад мекунад
Барои Тоҷикистон, ки ҳиссаи зиёди аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаи ҷойгоҳи ҷавонон дар ин стратегия аҳамияти хоса дорад.
Қисми зиёди аҳолии 10,8-миллионаи Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил, шуғл ва рушди касбии онҳо дар муайян кардани дурнамои иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.
Иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад дар як сол рушд кардааст. Бо вуҷуди ин, иқтисоди кишвар ҳамоно аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагии зиёд дорад. Дар чунин шароит, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини ҷавонон бо таҳсилоти босифат дар дохили кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дастгирии низоми миллии маориф ба ҳисоб меравад.
Зимни сафари намояндагони аврупоӣ ба Тоҷикистон эълон шуд, ки барои татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи кишвар то соли 2030 аз буҷети давлатӣ 10 миллион евро ҷудо мешавад. Ин маблағҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва такмили омодасозии касбии кадрҳо равона хоҳанд шуд.
Ба ибораи дигар, сухан дар бораи кӯмаки якдафъаина нест, балки дастгирии пайвастаи ислоҳоти соҳаи маориф меравад. Ҳадаф аз ин дастгирӣ беҳтар кардани шароити таҳсил барои мактаббачагон ва донишҷӯёни имрӯз ва фароҳам овардани заминаи муносиб барои солҳои минбаъда мебошад.
Дар баробари ин, барномаи Erasmus+ яке аз роҳҳои дастрас барои донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ба гурӯҳи «кишварҳои шарик»-и ин барнома шомил аст. Ин ба донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони ҷавони тоҷик имкон медиҳад, ки дар барномаҳои мубодила, таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаҳои муштараки таълимӣ бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок кунанд. Бо вуҷуди ин, шартҳои иштирок барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз шартҳои пешбинишуда барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо каме фарқ мекунанд.
Барнома на танҳо таҳсилоти олиро, балки омодагии касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзишро низ фаро мегирад. Грантҳои барои ҳаракати инфиродӣ пешбинишуда ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки дар Аврупо таҳсил карда, ҳамзамон стипендияи ҳармоҳа дарёфт кунанд.
Дар баробари барномаи маъмулии Erasmus+, барномаи Erasmus Mundus низ амал мекунад. Ин барномаи муштараки магистрӣ ва докторӣ мебошад, ки пурра маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби консорсиумҳои иборат аз чанд донишгоҳи аврупоӣ амалӣ мегардад.
Erasmus Mundus барои хатмкунандагон уҳдадории фавран пас аз хатми таҳсил ба ватан баргаштанро пешбинӣ намекунад. Аз ин рӯ, барнома барои онҳое, ки фаъолияти касбии дарозмуддатро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ мекунанд, низ имконияти ҷолиб ба ҳисоб меравад.
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои дигари афзалиятноки Global Gateway буда, мустақиман ба ҷавонон иртибот дорад. Дар Тоҷикистон аллакай як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд, ки ҳадафашон омӯзонидани касбҳои рақамии серталаб ба ҷавонон мебошад.
Аз ҷумла, ташаббуси Impact Sourcing-и ЮНИСЕФ, ки дар шаҳри Хоруғ тавассути Pamir Innovation Hub ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ амалӣ мешавад, ба ҷавонон барномасозии веб, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномаҳои муҳосиботиро меомӯзонад. Пас аз омӯзиш ба онҳо барои ворид шудан ба бозори меҳнати фосилавӣ, аз ҷумла кор бо фармоишгарони байналмилалӣ, имконият фароҳам оварда мешавад.
Чунин шакли шуғл махсусан барои минтақаҳои берун аз пойтахт муҳим аст, зеро дар ин минтақаҳо имкониятҳои корӣ ба таври анъанавӣ маҳдудтаранд. Кори фосилавӣ монеаҳои ҷуғрофиро аз байн бурда, ба сокинони минтақаҳо имкон медиҳад, ки бидуни кӯчидан аз маҳалли зисти худ даромад ба даст оранд.
Ин раванд ба тамоюлҳои васеътар дар сатҳи миллӣ низ мувофиқат мекунад. Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъиро то соли 2040 қабул кардааст ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин давлате мебошад, ки чунин санадро қабул кардааст. Ҳамзамон, мақомоти давлатӣ ҳангоми ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар низоми идоракунии давлатӣ бештар ба малакаҳои рақамии мутахассисони ҷавон такя мекунанд.
Тибқи арзёбиҳои таҳлилгарони бозори меҳнати Тоҷикистон, дар оянда ба касбҳое, ки дар чорроҳаи технология, молия ва хизматрасониҳои амалӣ қарор доранд, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҳлил, логистика ва агротехнологияҳо, талабот бештар хоҳад шуд. Дар баробари ин, доштани малакаҳои кор бо абзорҳои рақамӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон ҳам дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам берун аз кишвар имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Ҳарчанд энергетика, навсозии шабакаҳои барқӣ ва рушди кишоварзии устувор мустақиман ба мавзӯи «ҷавонон» иртиботи зиёд надоранд, маҳз чунин лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар оянда замина мегузоранд.
Дар доираи Global Gateway лоиҳаҳо ба маблағи тақрибан 40 миллион евро ба имзо расидаанд. Онҳо ба навсозии шабакаҳои барқии Тоҷикистон, рушди таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ ва саноатӣ дар соҳаи пахтакорӣ, инчунин мусоидат ба содироти маҳсулоти босифати нассоҷии Тоҷикистон равона шудаанд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо барои муҳандисон, агрономҳо, мутахассисони соҳаи логистика ва савдои хориҷӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Инҳо маҳз ҳамон касбҳое мебошанд, ки имрӯз ҷавонон аз худ мекунанд ва метавонанд дар оянда дар ин соҳаҳо фаъолият намоянд.
Илова бар ин, дар доираи ташаббуси Team Europe дар соҳаи об, энергетика ва иқлим, ки соли 2022 оғоз шудааст, Иттиҳоди Аврупо аз татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Неругоҳи барқи обии Қамбарота дар Қирғизистон, дастгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс, чунин лоиҳаҳо бояд ба таҳкими устувории иқлимии минтақа ва интиқоли изофаи энергияи «сабз» аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мусоидат кунанд. Барои муҳандисон ва мутахассисони ҷавони соҳаи техникӣ ин раванд метавонад ба афзоиши дарозмуддати талабот ба кадрҳои соҳибихтисос дар бахши энергетика замина фароҳам оварад.
Global Gateway инчунин ба рушди робитаҳои мустақими байни мардумони Осиёи Марказӣ ва Аврупо тавассути сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамкориҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Тавре намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ таъкид кардааст, ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, метавонанд дар барномаи Erasmus+ иштирок кунанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз рушди робитаҳои мустақими байни мардум яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Барои ҷавонони Тоҷикистон ин маънои фароҳам омадани имкониятҳои бештар барои иштирок дар таҷрибаомӯзиҳои байналмилалӣ, мактабҳои тобистона, барномаҳои волонтёрӣ ва форумҳои ҷавононро дорад. Чунин имкониятҳо ҳатто бидуни гирифтани диплом дар хориҷи кишвар метавонанд ҷаҳонбинӣ ва уфуқҳои касбии ҷавононро васеъ кунанд.
Ҳамин тариқ, Global Gateway барои ҷавонони тоҷик на танҳо як барномаи мушаххас, балки маҷмӯи имкониятҳои ба ҳам алоқамандро фароҳам меорад — аз гирифтани стипендияи инфиродӣ барои таҳсил дар Аврупо то пайдо кардани ҷойи кор дар бахши навсозишудаи энергетикаи кишвар.
Ҳар қадар ҷавонон аз имкониятҳои мавҷуда фаъолонатар истифода баранд, ҳамон қадар натиҷа ва таъсири ин ҳамкорӣ барои рушди кишвар бештар эҳсос хоҳад шуд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
2 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
2 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
4 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
6 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
9 дня назад