fbpx

“Гендернетика”: Тоҷикистон ба мутахассисони техникӣ ниёз дорад


0

Доробшо Давлатшоев, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “Пойгоҳҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон меҳмони подкасти навбатии “Гендернетика” шуд. Ӯ аз таҷрибаи омода намудани кадрҳои ҷавон дар соҳаи энергетика ва ҷалби ҷавондухтарон ба ин соҳа гуфт.

Ба гуфтаи Давлатшоев, дар Донишгоҳи техникӣ талабот ба ихтисосҳои соҳаи энергетика нисбати дигар факултетҳо бештар будааст. Вале ӯ гуфт, ки дар ҳақиқат сафи духтарон кам аст.

“Аз замони рушди илму технология касбҳои техникиро ҳамчун касбҳои мардона қабул карда буданд. Вақте ин навгониҳо ба Осиёи Марказӣ омада расиданд, мардуми ин ҷо низ онро ҳамин тавр қабул карданд”,- шарҳ дод ӯ.

Ҳоло дар НБО Норак дар бароибари мардон занон низ машғули кори танзим ва навбатдории он ҳастанд, мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Афзудани шумораи занону духтаронро дар ин соҳа ӯ ба дараҷаи рушди техникиву саноатии кишвар вобаста медонад.

“Мо ҳанӯз ба қатори давлатҳои аграрӣ-техникӣ дохил мешавем. Сиёсати давлатӣ ҳам ҳаст, ки тибқи он бояд ҷалби занону духтарон ба илмҳои техникӣ афзояд”,- қайд намуд Давлатшоев.

Ӯ афзуд, ки энергетика соҳаи фарогир аст ва қариб дар ҳама намуди фаъолият, аз хоҷагии қишлоқ сар карда, то саноати киштисозиву корхонаву фабрикаҳои гуногун ба кор меояд.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend