Гароншавии маводи сӯзишворӣ дар Душанбе идома дорад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи mtdata.ru

Тоҷикистон ба СММ: дар давраи пандемия мардум 175 млн сомонӣ кӯмак гирифт

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои коҳиши оқибатҳои пандемияи COVID-19, ки вазъи хонаводаҳои зиёдеро бад кард, то 1-уми апрели имсол тақрибан 175 миллион сомониро ба мардум тақсим кардааст.

Бино ба гузориши расмии Тоҷикистон ба Созмони Милал, баъди хуруҷи коронавируси нав, ки аҳволи иқтисоди кишварҳои зиёдеро бад кард, ба бештар аз 420 ҳазор хонавода як дафъаӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумак кардааст.

Дар ин миён бештар аз 77 ҳазор нафари онҳо кӯдаконе будаанд, ки волидони муҳоҷирашон бинобар маҳдудиятҳо ва карантин натавонистаанд, ба онҳо кумаки молӣ кунанд.

Гароншавии маводи сӯзишворӣ дар Душанбе идома дорад

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ босуръат боло  меравад ва идомаи ин ҷараёни афзоиш ҳадди ақал то ахири даҳаи аввали моҳи оянда низ дар назар аст.

Ба ин тариқ, нархи чаканаи бензини навъи АИ-92 аз оғози моҳи равон ба андозаи 8,7% (аз 10,30 то ба 11,20 сомонӣ барои 1 литр) ва сӯзишвории дизелӣ – 7,4% (аз 9,50 то ба 10,20 сомонӣ) зиёд шуд.

Дар бисёре аз нуқтҳои фурӯш навъҳои гаронтари бензин (АИ-95, АИ-98) нестанд ва ин ҳолат онҳоро қобилияти харидорӣ надоштани аҳолӣ маънидод мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нархи гази моеъ, ки тибқи маълумоти гуногун, аз он нисфи моликони автомобилҳо дар кишвар истифода мебаранд, бетағйир боқӣ мондааст – 7,70 сомонӣ барои 1 литр ба мисли аввали моҳи октябр.

Аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ҳукми Иззат Амонро дигар кунад

Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябр Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи “қаллобӣ” ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Пайвандонаш розӣ нестанд ва онро “беадолатӣ” медонанд.

Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, 21-уми октябр гуфтааст, ки аризаро бо имзои зерҳимояаш ба Додгоҳи олӣ супурданд.

“Дар ариза масъалаи иҷро нашудани қонуни афвро, ки президент эълон кардааст, зикр намудем”, — илова кард Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон.

Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, ба афв шомил мешавад.

Фирори як сарбози Русия дар ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ), ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст, як сарбози пойгоҳи 201-уми Русияро ҷустуҷӯ доранд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сергей Чекалин аввали ҳафтаи ҷорӣ аз размоишгоҳи “Мумирак” гурехтааст, аммо маълум нест бо силоҳ ё бесилоҳ. Сарбозони русро барои тамрин ба онҷо бурда буданд.

Дар ҳоле ки масъулони пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд, акси Чекалин аз даст ба дасти сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегардад.

Гулдаста дар яке аз ошхонаҳои ноҳия кор мекунад. Ӯ мегӯяд, маъмурони милиса ба онҳо акси сарбози русро дода ва хостаанд, ки ҳангоми диданаш хабар диҳанд. “Аввал пурсиданд, ки ҳамин одамро дидед? Гуфтем, не. Аксҳоро дода, гуфтанд, агар дидед, хабар расонед. Як бастаи аксҳоро барои муштариён низ доданд”, — нақл кард ӯ 20-уми октябр.

«Северный ветер» парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар-Маскав барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер»-и Русия парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) барқарор намуд, хабар доданд аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

“Ширкати «Северный ветер» (Nordwind Airlines) парвозҳоро ба самти Маскав-Бохтар-Маскав ҳанӯз соли 2018 оғоз намуда, ширкат дар як ҳафта ба 7 парвоз ба Бохтар ва бозпас аз он иҷозатнома дорад. Бинобат сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, ширкат ба анҷоми парвозҳо имкон надошт ва пас аз азсаргирии онҳо, бо иҷозатномаи аллакай мавҷуда парвозҳоро бо ин хатсайр дубора роҳандозӣ кард”, – иттилоъ доданд дар Агентӣ.

Тибқи маълумоти портали “АвиаПорт”, ширкат ба парвоз аз Маскав ба Бохтар аз 25 октябр оғоз мекунад. Пас аз ин парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе анҷом дода мешаванд.

Билетҳои парвоз аз Маскав то Бохтар ҳудуди 12 ҳазор рубл (1 ҳазору 904 сомонӣ) ва бозпас аз Бохтар ба Маскав – зиёда аз 18 ҳазор рубл (2 ҳазору 856 сомонӣ) нарх доранд.