fbpx

Гардиши тиҷорати берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳ ба 5,5 млрд доллар расид

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Акс аз интернет

Ҳалокати ҷавон ҳангоми ҳезумчинӣ

Як сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст. Гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накарда ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфта, субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар рӯзҳои сарду боронӣ аз рафтан ба кӯҳу пушта, соҳили рӯдхонаҳо ва дашту саҳро худдорӣ намоянд.

Гардиши тиҷорати берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳ ба 5,5 млрд доллар расид

Гардиши тиҷорати берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 миллиарду 410,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса бо як соли қабл 18,8% ё 857,4 миллион доллар бештар аст.

Бино ба маълумотҳои расмӣ, тавозуни савдо манфӣ буда, 2 миллиарду 133,2 миллион долларро ташкил дод.

Содироти коло дар ин давра 1 миллиарду 638,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 5,5 фоиз ё худ 85,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридот 3 миллиарду 772 миллион долларро ташкил дода, 25,7 фоиз ё 772,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия – 1,2 миллиард доллар, Қазоқистон – беш аз 1 миллиард доллар ва Чин – 965 миллион доллар мебошанд.

Фуруди садамавии ҳавопаймое, ки аз Душанбе парвоз кард

Ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Душанбе парвоз мекард, дар Иркутск фуруди изтирорӣ анҷом дод. Касе аз мусофирон ва аъзои сарнишинон осеб надидааст ва хисорот ҳам нарасидааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба иттилои намояндаи прокуратураи нақлиёти Сибири Шарқӣ.

«Аэробус дар фурудгоҳи Иркутск ба таври садамавӣ фуруд омад. Қурбониён ва захмиён нестанд», — хабар медиҳад манбаъ.

Дар мавриди фуруди изтирории ҳавопаймои Аэробус A320 ба РИА Новости аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” низ хабар додаанд. Бино ба гузориши расонаҳо, дар вақти фуруди ҳавопаймо чаҳор чархи он шикастааст, аммо ба сутунҳо осеб нарасидааст.

Прокуратураи нақлиёти Сибири Шарқӣ ба тафтиши ҳодисаи мазкур шурӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо 83 мусофир ва шаш нафар аъзои сарнишинон буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend