Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:4902.11.2022
Як сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст. Гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накарда ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфта, субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар рӯзҳои сарду боронӣ аз рафтан ба кӯҳу пушта, соҳили рӯдхонаҳо ва дашту саҳро худдорӣ намоянд.
Гардиши тиҷорати берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 миллиарду 410,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса бо як соли қабл 18,8% ё 857,4 миллион доллар бештар аст.
Бино ба маълумотҳои расмӣ, тавозуни савдо манфӣ буда, 2 миллиарду 133,2 миллион долларро ташкил дод.
Содироти коло дар ин давра 1 миллиарду 638,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 5,5 фоиз ё худ 85,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридот 3 миллиарду 772 миллион долларро ташкил дода, 25,7 фоиз ё 772,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия – 1,2 миллиард доллар, Қазоқистон – беш аз 1 миллиард доллар ва Чин – 965 миллион доллар мебошанд.
Ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Душанбе парвоз мекард, дар Иркутск фуруди изтирорӣ анҷом дод. Касе аз мусофирон ва аъзои сарнишинон осеб надидааст ва хисорот ҳам нарасидааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба иттилои намояндаи прокуратураи нақлиёти Сибири Шарқӣ.
«Аэробус дар фурудгоҳи Иркутск ба таври садамавӣ фуруд омад. Қурбониён ва захмиён нестанд», — хабар медиҳад манбаъ.
Дар мавриди фуруди изтирории ҳавопаймои Аэробус A320 ба РИА Новости аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" низ хабар додаанд. Бино ба гузориши расонаҳо, дар вақти фуруди ҳавопаймо чаҳор чархи он шикастааст, аммо ба сутунҳо осеб нарасидааст.
Прокуратураи нақлиёти Сибири Шарқӣ ба тафтиши ҳодисаи мазкур шурӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо 83 мусофир ва шаш нафар аъзои сарнишинон буданд.
586 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад