“Гӯшае аз Тоҷикистон”. Ошхонаи таомҳои миллии як зани тоҷик дар Алмаато

Руфия Сафароваро дар бозори “Сабз”-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо номи холаи “Руфа” мешиносанд. Ӯ зодаи Тоҷикистон аст ва дар бозори мазкур ошхонае дорад, ки дар он таомҳои миллии тоҷикиро пешкаши мизоҷон мегардонад.

Ошхонаи ӯ “Гӯшае аз Тоҷикистон” ном дорад ва воқеан барои тоҷикони Алмаато ва бозорнишинони ин шаҳр гӯшае аз Тоҷикистон аст. Хабарнигори Your.tj меҳмони ин ошхона гардида, бо Руфия Сафарова ҳамсуҳбат шуд.

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон

Руфия Сафарова 54 сол дорад. Ӯ дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омада, ба воя расидааст.

34 сол пеш ҳамроҳи падару бародаронаш ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафт ва баъдтар дар ин шаҳр муқимӣ гаштанд.

Ба нақли холаи Руфия сабаби ба Қазоқистон рафтани онҳо бемории падараш буд ва он ҷо табобат мегирифт.

“Сабаби омадани ман бемории падарам буд. Давоми 18-сол сафар кардани падарам мумкин набуд, дар ин муддат ду маротиба ҷарроҳӣ шуд. Ба хотири падар ин ҷо мондам ва дигар рафта натавонистам”,- мегӯяд сабаби муқими шудани худро дар шаҳри Алмаато Руфия Сафарова.

Ошхонаи тоҷикӣ дар қалби Алмаато

Руфия Сафарова дар аввал дар бозори “Сабз”-и шаҳри Алмаато ба ҳайси рӯбанда кор мекард. Баъдтар ҳамроҳи падару бародаронаш ҷойеро аз ин бозор гирифта, соли 1997 ошхона бунёд карданд. Ӯро дар бозор “холаи Руфа” садо мекунанд.

“20-сола будам ин ҷо омадем ва ҳоло 54 сол умр дорам. Ман дар оилаи омӯзгорон калон шудам. Падару модарам омӯзгор буданд. Насиб будааст ва инак 34 сол мешавад, ки дар Алмаато зиндагӣ мекунам”,- мегӯяд Руфия Сафарова.

Ошхона ӯ “Гӯшае аз Тоҷикистон” ном дорад. Дар ошхона ҳама намуди ғизоҳои маъруфи тоҷикӣ, аз ҷумла аз оши палав то қурутобу мастоба омода мешавад.

Ҳоло холаи Руфия дар ошхона бо бародар ва бародарзодааш кор мекунад. Қаблан ин ҷо чанд нафар занони тоҷикро, ки барои кор ба Алмаато рафта буданд, ба кор гирифта буд.

Аз сарпаноҳ ба ҳамватанон то кӯмак ба мардуми Тоҷикистон

Ба ғайр аз ин ошхонаи холаи Руфия сарпаноҳ барои тоҷикон ва афғонистониҳоест, ки дар Алмаато дар кӯча мондаанд. Ӯ ҳамаро бо чеҳраи хандон пешвоз мегирад.

“Касе меояд, хуш омадааст, нури дида, мо тоҷик ҳастем”,- мегӯяд ин зани тоҷик.

Руфия Сафарова на танҳо ба тоҷикони муқими Алмаато, балки ба ҳамватанони худ дар шаҳраки Навобод низ кӯмак мекунад.

Падари ӯ дар интернат бузург шудааст, аз ин рӯ ӯ ҳамеша ба интернат ва беморхонаҳо кӯмак мерасонад. Инчунин, аз ҳисоби худ дар Тоҷикистон як масҷид ҳам сохтааст.

“Дар Тоҷикистон як масҷиди калон сохтем дар ҳазрати Хоҷа Абдулло, беҳад ҷойи хуб аст. Мо интернат дорем, касалхона дорем, онҳоро ҳеч вақт фаромӯш намекунем. Аввал онҳо, баъд хонаамон. Дар Навобод ҳам интернат ҳаст, ҳам касалхона. Падарамон дар интернат калон шудаанд, мо онҳоро фаромӯш намекунем”,- қисса кард қаҳрамони мо.

Руфия Сафарова мегӯяд дар Алмаато хона дорад ва ба ин шаҳр одат кардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ оиладор нашудааст. Як бародарзодаашро ба фарзандхонӣ гирифтааст. Вале иродаи бузург ӯро ба як соҳибкори боғайрат табдил дод.

Идибек Саид

Skip to toolbar