Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Фурудгоҳи Хуҷанд дар аҳди пандемия 6 миллион сомонӣ зарар дидааст. Муҳимтарин хабарҳои рӯз
Дата публикации: 19:2326.02.2021
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ ба унвони шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ даромад мегиранд, муваззаф шуд.
Дар қарори ҳукумат аз 6 феврали соли равон қайд мешавад, ки ҳамчунин Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ташаккули низоми ба буҷет ворид намудани маблағи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба таври ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намояд.
Хизматрасониҳои электронӣ иборатанд аз фурӯши китоб ва файлҳои расонаӣ (мундарҷиаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқ ба истифодаи барнома, реклама, хизматрасонӣ ба сомонаҳо, захира ва коркарди маълумот, роҳандозии ҳисоби оморӣ, хостинг, дастрасӣ ба низомҳои ҷустуҷӯ, соҳаи IT ва ғайра. Яъне хизматрасониҳое, ки тавассути интернет анҷом дода мешаванд.
БМТ баъди роҳандозии Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб барои муайян кардани фиристанда ва қабулкунандаи қариб ҳама интиқолҳои пулӣ имкон дорад.
Баъди боридани барфи ғайриинтизор дар мавсими гулшукуфти дарахтон дар вилояти Суғд ҳукумати вилоят ба дудмонӣ ва аз сармо наҷот додани дарахтону боғот пардохтааст.
Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал сабаби муғчабандии бармаҳалтари дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардидаст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам дар чанде аз ин думониҳо ширкат кардааст. Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, "барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст".
Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.
Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.
Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.
Дар пайи коҳиши бесобиқаи даромад ва якбора афзудани зарари пулӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд бо ирсоли номае аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст беш аз 16 миллион сомонӣ қарзи андозро, ки натавонист соли гузашта рӯйпӯш кунад то ба соли 2024 тамдид намояд. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд соли 2020-ро бо зиёни молии беш аз 6 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст, ки аз музди меҳнати кормандонаш низ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд яке аз азимтарин андозсупорандаи шимолии Тоҷикистон аст, ки соли 2019 ба буҷа 41 миллиону 755 ҳазор сомонӣ андоз супурида буд. Вале ин омор соли гузашта то ба 5 миллиону 710 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки дар муқоисаба соли 2019 36 миллиону 45 ҳазор сомонӣ пардохти андоз кам шудааст.
Шаби гузашта Абдуллоҷон Орифов, арбоби барҷастаи давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ ва собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар синни 80-cолагӣ аз олам даргузашт
Дар ин бора рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба навиштаи Ҷамолиён, Абдуллоҷон Орипов ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам 80 - умин солгардашро таҷлил карда буд.
Абдуллоҷон Орипов соли 1941 дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.
Ӯ соли 1992 раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон буд ва баъдан дар мансабҳои муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , проректор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон кор кард.
Аз соли 2000 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд No13 интихоб шуд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
14 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
14 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад