Бинобар оғози корҳои таъмирӣ дар хатти парвози Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки як моҳ идома мекунад, фурудгоҳ рӯзона барои мусофирон баста мешавад, хабар дод ба Your.tj котиби матбуотии фурудгоҳи мазкур Ҷамила Ҳусейнова.
“Дар фурудгоҳ рӯзона корҳои таъмирӣ идома меёбанд, ҳамаи парвозҳо танҳо шабона ва субҳгоҳӣ анҷом дода мешаванд. Корҳои таъмирии хатти парвоз аз 1-уми август то 1-уми сентябри соли ҷорӣ аз соати 8-и пагоҳӣ то 7-и бегоҳ идома хоҳанд ёфт”,- иттилоъ дод Ҳусейнова.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои тармиму таҷдид аз ҳисоби худи фурудгоҳ анҷом мешавад ва ҳама ширкатҳо аз тағйири вақти парвозҳо мусофиронашонро пешакӣ огоҳ менамоянд.
То оғози таъмир фурудгоҳ дар як шабонарӯз зиёда аз 15-16 хатсайрро қабул ва гусел мекард. Дар баъзе рӯзҳо шумораи парвозҳо то 21 – то мерасид.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин шуда мусофирони худро аз тағйири вақти парвозҳо огоҳ намуда гуфт, ки ҳама парвозҳои ширкат тӯли як моҳи оянда танҳо шабона ва субҳгоҳӣ анҷом мешаванд. “Мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозиашон тағйир пазируфтаанд, пешакӣ огоҳонида мешаванд. Барои гирифтани маълумоти зарурӣ лутфан бо маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои зерин тамос гиред:
+992 (93) 777 74 59
+992 (44) 640 40 49
+992 (44) 640 40 50
call-center@somonair.com”, – гуфта мешавад дар иттилоияи “Сомон Эйр”