fbpx

Фотима ва Зӯҳро – дугоникҳои иқтисоддон, вале раққосони касбӣ

Дугоникҳо баъди дар як чорабинӣ иҷро кардани рақси ҳиндии "катхак" ба худ лақаби "Зита ва Гита" - ро гирифтанд.


4
4 points

Фотима ва Зӯҳро Худойбердиеваҳо дугоникҳое ҳастанд, ки 10 сол боз дар саҳнаи рақсанд. Хоҳарон бо вуҷуди синну соли ҷавонашон, дар ҷода аллакай муваффақиятҳои зиёд ноил шудаанд. Яке аз онҳо, ғолибият дар Озмуни байналмилалии “Звёзды талантов” – и Федератсияи Русия ва сазовор шудан ба унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Муаллифи Your.tj бо ин дугоникҳои соҳибистеъдод дар хусуси ҳаёту фаъолияташон суҳбат орост, то нақлҳои ҷолибро пешниҳод намояд.

 “Як себи дукафон”

Дар ин озмун Фотимаву Зӯҳро мақоми аввалро гирифта, бо Сипосномаи Вазорати маорифи вилояти Маскав қадрдонӣ шуданд. Хоҳарон бо иҷрои рақси хатлонӣ иштирокчии озмун гаштанд, ки воқеан рақси миллии тоҷикӣ ба аъзои ҳакамон хуш омад.

Онҳо ҳамеша якҷо мерақсанд. Дидани ду духтари мисли ду қатра об ба ҳамдигар монанд, барои ҳар як тамошобин ҷолиб аст. Ҳар нафаре, ки онҳоро бори аввал дар саҳна мебинад, бо ҳайрат менигарад. Пас аз он, ки дугоник буданашонро мефаҳмад, ҷойи ҳайратро эҳсоси ҳавас фаро мегирад.

“Барои мо як хел либос пӯшидану ороиши рӯю мӯйи якхела одат шудааст. Дӯстони наздикамон моро ба хубӣ фарқ карда метавонанд. Аммо нафароне, ки бори аввал бо мо ҳамсуҳбат мешаванд, то чанд муддат маро Фотима мегӯянду Фотимаро Зӯҳро. Ростӣ аз ин иштибоҳи онҳо лаззат мебарам”, – шӯхикунон мегӯяд Зӯҳро.

Ба андешаи Фотима, бо хоҳараш аз ҷиҳати феълу атвор хеле кам фарқ мекунанд, зеро диду рафтору нигоҳашон ба зиндагӣ мисли чеҳраашон монанд аст. Ҳар гоҳ, ки барои хариди либос ба бозору дӯконҳо мераванд, ноогоҳ аз ҳамдигар як чизро интихоб мекунанд. Як сароянда, як намуди таом, як рангро дӯст медоранд. Ҳатто дар шабакаи иҷтимоӣ аз як саҳифа истифода мекунанд, ки ҳайрати кас беш аз пеш меафзояд:

“Бале, мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook як саҳифа дорем бо номи “Фотима Зухро Худойбердыева”. Ёдамон нест, ки ин фикр аввал аз кӣ баромад. Агар саҳифаҳои алоҳида мекушодем, шояд барои дӯстонамон ҷолиб намебуд”, – ҳарду андешаи ҳамдигарро тасдиқ мекунанд.

Нозукиҳои санъати рақс

Соле, ки қаҳрамонони мо дар синфи 7 таҳсил мегирифтанд, аввалин бор ба саҳнаи рақс қадам гузоштанд. Ҳамон сол, ба мактаби онҳо устоди рақси Ансамбли тарона ва рақси “Рухшона” ташриф оварда, мактаббачагонро барои шомил шудан ба маҳфил тариқи кастинг даъват намуд. Хоҳарон чун ҳамешагӣ аз як гиребон сар бароварда, қарор доданд, ки ба кастинги маҳфили рақс мераванд. Баъди аз кастинг муваффақона гузаштан, бо ризоияти модарашон роҳ гирифтанд ба сӯйи ансамбл.

“Албатта дар аввал то андозае барои омӯзиши ҳаракатҳо душворӣ кашидем, зеро ҳаракатҳои рақс нозукиҳои зиёдро талаб мекунад. Пешпо мехӯрдем, меғалтидем, гоҳе мувозинатро гум мекардем, вале муҳимаш омӯхтем”, – шарҳ медиҳад Фотима

Сипас онҳоро аз тарафи Ансамбли тарона ва рақси “Рухшона” ба Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” ҳамчун раққосаҳои ҳирфаӣ интиқол доданд. Хоҳарон то охири соли 2021 бо ин муассиса ҳамкорӣ намуда, сипас бо даъвати дастаи рақсии Филармонияи давлатии ба номи А. Ҷӯраев, ба Ансамбли рақсии “Парасту” шомил шуданд.

Устоди аввалини дугоникҳо дар самти рақс Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзулло Каримов буд. Баъдан аз Тӯҳфа Наботова, аз устоди рақси балет Мирзо Сатторов, шодравон Қурбоналӣ Холов низ илми рақсро аз худ карданд. Айни замон бошад, таҳти роҳбарии Исматулло Файзуллоев, дар як рӯз чор соат тамрин намуда, маҳорати рақсии худро боло бардошта истодаанд. Қаҳрамонони мо таъкид карданд, ки устодони рақс маҳорати баланди ҳунарро соҳибанд ва ба ҳар шогирди худ рафтори падарона доранд.

“Соҳаи рақс монанди либоси сафед бисёр нозук аст, бо як беэҳтиётӣ мумкин аст номи раққоса доғдор шавад. Албатта, дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки нисбати намояндагони санъату саҳна ҳарфи ноҷо мезананд. Хушбахтона мо аз наздиконамон боре ҳам носазо нашунидем ва нахоҳем шунид. Шояд мардуми кӯча аз пуштамон чизе бигӯянд, чунки онҳо бо пояшон не, балки бо забонашон мегарданд. Лекин ба онҳо аҳамият намедиҳем”, – ибрози назар кард Фотима.

Дар орзуи “катхак”

Дугоникҳо гарчи аз тамоми ҷиҳатҳо 99% ба ҳамдигар монанд бошанд ҳам, аммо орзую омолашон аз замин то осмон тафовут дорад. Фотима аз хурдӣ ҳавас дошт, ки дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил гирифта, адвокат шавад. Зӯҳро бошад, мехост тарроҳи либосҳои мӯд бошад. Мутаассифона аз сабаби гаронтар будани шартномаи пулии риштаи ҳуқуқшиносӣ, Фотима орзуи худро амалӣ карда натавонист.

“Ростӣ наметавонистам, ки аз хоҳарам дур бошам, ман ба ӯ одат кардаам. Ба мактаб низ якҷо мерафтем, ҳамсинф будем. Соли 2011 Фотима ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисод ва идораи ДМТ супорид, ман ҳам ба ӯ пайравӣ кардам. Ҳамин тавр, ҳамкурс ҳам шудем”, – хандида мегӯяд Зӯҳро.

Хоҳарон рақси хатлониро ба ҳадди ҳирфаӣ иҷро мекунанд, зеро аз кӯдакӣ бо либоси чакану қошуқу табақ бештар машқ кардаанд. Онҳо аз уҳдаи рақсҳои миллатҳои гуногун ҳам мебароянд, аз ҷумла рақсҳои ҳиндӣ ва русӣ.

Тавре мегӯянд, “ба як “духтар” чил ҳунар кам аст”, дар ниҳоди Фотимаю Зӯҳро низ ба иҷрои рақси ҳиндӣ ҳавас пайдо шуд. Дугоникҳо бо мақсади амали орзу, соли 2019 ба бахши фарҳанги Сафоратхонаи Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуданд ва аз омӯзгорони рақси ҳиндӣ, рақси классикии “катхак” -ро аз худ карданд.

Фотима ва Зӯҳро аз давраи донишҷӯӣ узви фаъоли ансамбли халқии “Наврӯз” дар назди ДМТ буданд. Баъд аз иҷрои рақси “катхак” дар яке аз чорабиниҳои донишгоҳ, тамошобинон онҳоро ба қаҳрамонони филми маъруфи ҳиндӣ – Зита ва Гита ташбеҳ доданд. Минбаъд ин ташбеҳ ҳамчун номи дуюми онҳо дар байни дӯстонашон боқӣ монд.

Аз рақс ба иқтисод    

“Мо ҳам кам-кам ҷаҳондида ҳастем. Ба Ҳиндустон, Қатар, Қувайт, Уммон, АМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Шанхай, Озорбойҷон, Туркманистон, Русия, Қазоқистон ва ба дигар мамлакатҳо сафарҳои ҳунарӣ доштем. Вале Ватан воқеан дигар аст”, – иқрор кард Фотима.

Нахустин баромади гулдухтарон дар ҷашни наврӯзӣ, иҷрои рақси хатлонӣ дар ҳавои суруди Давлатманд Холов буд. Аз он рӯз шуруъ шуд маъруфияти дугоникҳо дар саҳнаи ҳунар. Аз ин баъд то ҳол, бо Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, шодравон Дамирбек Олимов, Валиҷон Азизов ва дигар ситораҳои тоҷик дар як саҳна ҳунарнамоӣ карда истодаанд.

Моҳи апрели ҳамин сол пойи Фотима сахт лат хӯрда, шикаст. Ин ҳодисаи нохуш, ҳангоми омодагӣ ба консерт рух дод. Аз ин рӯ, то ба имрӯз ҳангоми чархондани пой дар саҳна ҳарос дорад, ки нохост нағалтад.

Зӯҳро мегӯяд, ки дар ҷараёни консерт лаҳзаҳое мешавад, ки мисли ҳамаи раққосаҳо ҳаракатҳоро фаромуш мекунанд. Иловатан Фотима қайд мекунад, ки “бале, аммо ин гуна лаҳзаҳо хеле кам буданд”.

Дугоникҳо ба саволи “оё Шумо дар оянда бо Ҳасану Ҳусейн хонадор шудан мехоҳед?” посух доданд, ки ин ба ҳукми тақдир вобастагӣ дорад. Зӯҳро айни замон дар тараддуди арӯсӣ аст, Фотима бошад чун ҳамешагӣ машғули тамрини рақс. Бо эҳтимоли зиёд мумкин аст, ки Зӯҳро баъд аз ҷашни арӯсӣ ҳунари рақсии худро идома надиҳад.

Фотима ва Зӯҳро айни ҳол дар зинаи докторантураи ДМТ, дар риштаи иқтисод ва идора таҳсил доранд. Дугоникҳо мақсад доранд, ки баъд аз хатм ба ҳайси устоди донишгоҳ фаъолият карда, дар самти омӯзгорӣ низ фаъолияти пурсамар намоянд.

                                                                  Нодира СОБИРЗОД


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
13
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
9
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
4
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend