Имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” оғоз гардид.
Дар он Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технология, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Туркия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Чин ва Покистон ширкат намуданд.
Ҳадафи ин ҳамоиши байналмилалӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, афзоиши иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад.
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон боздид намуданд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар оғози ҳамоиш зикр кард, ки форум минбари муҳими муколамаи созандагӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошад.
Хатлон аз вилоятҳое дар кишвар аст, ки бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо ва полезиҳои болаззат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза машҳур мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин вилоят зиёда аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
“Хатлон Инвест-2025” дар 3 панел – “Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир”, “Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ” ва “Аз замин то бозор – рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон” гузаронида мешавад.
Инчунин, дар доираи ин форум дидору мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони шарикони рушд дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки Форуми байналмилалӣ дар вилояти Хатлон ду рӯз идома ёфта, дар назар аст, ки пагоҳ, 12 ноябр доираи соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин меҳмонон бо фаъолияти субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Нораку Бохтар аз наздик шинос мешаванд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” миёни корхонаҳои истеҳсолию саноатии ватанию хориҷӣ санадҳои нави ҳамкорӣ баста мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон инвест” соли дуюм аст, ки баргузор мешавад. Дар доираи ин форум соли гузашта миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Амонҷон Муҳиддинов
