fbpx

Форуми “Ҳамбастагӣ барои тавонмандсозии духтарон” дар Душанбе

Дар форум гуфтанд, ки чаро дастгирӣ ва ҳимояи духтарон барои тавонмандсозии онҳо муҳим аст.


6
6 points
Форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон дар Душанбе

Дар Душанбе бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 10-11-уми октябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон (11 октябр) Форуми “Ҳамбастагӣ барои тавонмандсозии духтарон” (“Unite for Girls’ Empowerment”) баргузор гардид.

Он 150 нафар ҷавондухтарон ва писаронро ба ҳам овард. Ҳадаф аз ташкили ин форум, тавонмандсозии духтарон дар деҳот ва пешбурди сиёсати баробарии гендерӣ  аст.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ муовини сарвазири Тоҷикистон, намояндагони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши, мудири кишварии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Сафири Фаронса, Роҳбари Сафорати Олмон дар Душанбе, намоянда ва директори WFP, Роҳбари намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, инчунин фаъолони гендерӣ ва ихтиёриёни созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Ҳамчунин намояндагони марказҳои амрикоии (American Space) шаҳри Хуҷанд ва Кӯлоб тариқи барномаи Zoom ширкат карданд.

Аҳамияти Рӯзи байналмилалии духтарон

Иштирокдорон дар мавриди мавзуъҳои муқовимат ба меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои мусбати гендерӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои духтарон барои дастрасӣ ба технология, таҳсил ва нақшҳои роҳбарикунанда баромад намуданд.

Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон

Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон изҳор дошт, ки духтарони насли имрӯзи ҷаҳон аз тағйирёбии иқлим, низоъҳои оилавӣ ва камбизоатӣ осеб мебинанд.

“Ин қабил мушкилот сабаб мегардад, ки духтарони ҷаҳон таҳсилотро канор гузоранд. Хушбахтона дар Тоҷикистон дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарони тоҷик муассисаҳои ҳамаи зинаҳои касбиро хатм намуда, аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафар соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои олӣ таҳсил мегиранд”,- иттилоъ дод Дилрабо Мансурӣ.

Артур ван Дизел, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, гуфт, ки Рӯзи байналмилалии духтарон барои вай аҳамияти калон дорад, зеро ӯ падари се духтар аст.

Артур ван Дизел, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Ӯ дар ҷараёни нутқи худ гуфт, ки ЮНИСЕФ ташаббусҳоеро дастгирӣ менамояд, ки дар он ба духтарон барои омӯхтани ҳуқуқҳояшон ва тағйир додани стереотипҳо кумак мерасонад.

Ҷаноби Дизел дар мисоли Гулноз Мамадалиева, яке аз фаъолони лоиҳаҳои ин созмон дар ноҳияи Вахш нақл карда иброз дошт, ки ӯ гарчанде бо нуқсони биноӣ таваллуд шудааст ва дар деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунад, тавонист мактаби миёнаро хатм кунад.

Гулноз ҳоло ментори духтарон аст ва исбот кард, ки мақоми роҳбарӣ на танҳо идора намудани дигарон, балки дастгирӣ кардани атрофиён низ мебошад.

Гулноз Мамадалиева

Хабарнигори Your.tj бо Гулноз ҳамсуҳбат шуд. Гулноз гуфт, ки ӯ ҳоло дар ТҶ “Томирис” ва лоиҳаҳои ЮНИСЕФ ба ҳайси ментор фаъолият мебарад.

“Дар деҳот барои пешравии ман секарата монеа буд, чунки ман деҳотиам, духтарам ва аз лиҳози ҷисмонӣ имкониятам маҳдуд аст. Модарам маро дастгирӣ кард ва дар ҷомеаи мудерн аз худ дарак додам. Ҳоло дар чорабиниҳои вобаста ба лидерӣ яке аз фаъолонам. Барои расидан ба муваффақиятҳои духтарон ҳеҷ монеа нест, агар онҳо худ хоҳиш дошта бошанд ва кӯшиш кунанд”, – иброз дошт Гулноз.

Муҳимияти дастгирӣ ва ҳимояи духтарон

Доктор Наргис Раҳимова, роҳбари намояндагии UNFPA дар Тоҷикистон низ дар робита ба масъалаи таҳсили духтарон изҳори ақида намуд. Ӯ гуфт, ҳар як духтарро маҳз дар давраи аз наврасӣ ба ҷавонӣ гузаштанаш дастгирӣ бояд кард.

Доктор Наргис Раҳимова, роҳбари намояндагии UNFPA дар Тоҷикистон

Зеро ин духтарон баъзан бо зӯроварии гендерӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳомиладории барвақт аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам руҳӣ ба саломатӣ зиёновар аст ва ҳатто боиси марг мешавад. Духтарон ба ҳимоятгар ва мушовир ниёз доранд.

“Ман дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба воя расидам. Падарам иҷоза намедод, ки таҳсиламро дар самти тибб идома диҳам. Вале модарам маро дастгирӣ кард ва то ба зинаи номзади илмҳои тиб расидам. Биёед, дар якҷоягӣ чун модари ман духтаронамонро ҳимоят мекунем”,- даъват кард ӯ.

Духтарони Афғонистон

Ҳамчунин, духтарони Афғонистон низ дар назди минбар аз вазъи имрӯзаи таҳсили духтарон дар Афғонистон ва табъизи равонӣ аз ҷониби ҳукумати Толибон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷараёни таҳсилу фаъолияташон тариқи стипендия дар донишгоҳҳои Тоҷикистон нақл карданд.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend