Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5626.12.2025
Имруз дар маҷмааи “Комюнити” ҷаласаи ҳисоботии фаъолияти Фонди хайриявии «Музаффар» баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони лоиҳаҳо ва фаъолони Фонд иштирок намуданд.

Гуфта шуд, Фонди хайриявии «Музаффар» яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад, ки дар фосилаи даҳ соли фаъолият бо таҷрибаи беназираш дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон ба эҳтиёҷмандон пайваста кӯмак менамояд.
Фонди хайриявии “Музаффар” соли 2015 таъсис ёфта, фаъолияти худро аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст:

Ҳадафи аслии Фонди хайриявии “Музаффар” дастгирии шахсони эҳтиёҷманд, мусоидат ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва тавассути роҳандозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва даъвати дигарон дар иқдомҳои хайрхоҳона саҳм гузоштан дар ободиву сарсабзии Ватан мебошад.
Фонд дар масири фаъолият барои тақвият бахшидани амалҳои эҳсонкорӣ ва инсондўстӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии мамлакат ҳамкории зич ва самарабахшро ба роҳ мондааст.

Саҳми Фонди мазкур дар кӯмак бо ғизо ва маводҳои гигиенӣ, мактаб-интернатҳо, муассисаи бемориҳои рӯҳӣ, хонаи пиронсолон, сохтмони пулҳо, роҳҳо, таъмини хоҷагиҳо бо оби ошомиданӣ, бо аробачаи маъюбӣ таъмин намудани шахсони имконияташон маҳдуд, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, харидории таҷҳизот ба муассисаҳои иҷтимоӣ, сохтмон ва барқарорсозии биноҳои иҷтимоӣ хеле калон аст.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
2 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
2 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
3 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
3 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
4 дня назад