fbpx

Фоҷиаи Рашт. Хонаводаҳои аз заминларза осебдида дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд

Муаллифи мо ба маҳалли фоҷиа рафта, оқибатҳои онро бо чашмони худ дид.


0
Ноҳияи Рашт пас аз заминҷунбӣ. Акс: Your.tj

Дар заминҷунбии рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод як кӯдак ҷон бохта, 16 нафар захмӣ шуд.

65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 манзили дигар қисман хароб гаштанд ва ин ҳанӯз тамоми пайомадҳои он зилзилаи шадид нест.

Муаллифи Your.tj ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафар карда, бо сокинони маҳаллӣ, ки ин офати табиӣ зарар дидаанд, ҳамсуҳбат шуд ва фаҳмид, ки онҳо он рӯзи тираро чӣ гуна паси сар карданд.

“Модар ҳанӯз аз марги фарзандаш бехабар аст…”

Назди даромадгоҳи бинои №5-и маркази тиббии “Шифобахш” дар Душанбе издиҳоми зиёде буд. Он ҷо шуъбаи эҳё ҷойгир аст.

Тамизкори (санитарка) калонсоле, ки гоҳ-гоҳ мардумро ба оромӣ даъват мекард, аз муаллиф оҳиста пурсид, ки оё захмиёни зилзилаи Рашт дар ин ҷо ҳастанд? Чун ба ӯ хабар дода будаанд, ки онҳоро ба пойтахт интиқол додаанд.

Ӯ ба зани дар назди дар хобида ишора кард: “Ана, модари захмиён аз Рашт”.

Ин зан хеле парешонхотир менамуд ва ба як нуқта бо чашмони беҷон менигарист.

“Назарбӣ худро бад эҳсос мекунад. Шабҳо барояш хело душвор мегузаранд. Зиёд аз писараш мепурсад,– мегӯяд модари ӯ, ашки чашмашро бо канори рӯймолаш пок карда. – Духтарам ҳоло ҳам аз марги фарзандаш хабар надорад. Ман натавонистам ба ӯ бигӯям. Он рӯз, ки ин мусибат сар зад, бо азобу машаққат ӯро аз зери харобаҳо бароварданд ва бо чархболи ҳукуматӣ аз Рашт ба Душанбе оварданд”.

“Натавонистем писарамро наҷот диҳем”

Ба гуфтаи модар, ҳоли духтараш акнун каме беҳтар шудааст. Бо ишора ба марде, ки ба самти онҳо меомад, гуфт: “Ин домодам – Шаҳриддин”.

Пас аз шиносоӣ, мард хабар дод, ки духтараш Шафияро имрӯз ба шуъбаи дигар бурдаанд. Дар вақти зилзила тарафи рости баданаш осеб дида, дасташ шикастааст.

Ноҳияи Рашт пас аз заминҷунбӣ. Акс: Your.tj

Шаҳриддин каме хомӯш монд, баъд ором ва бо дард гуфт: “Писарам Абдуғанӣ фавтид. Мо натавонистем ӯро наҷот диҳем”.

Ба гуфтаи Шаҳриддин, он субҳ баъди наҳорӣ ба ҳавлӣ баромадааст.

“Мехостам ба тантанаи Наврӯзӣ дар маркази ноҳия равам, вале чизе маро нигоҳ медошт. Ба трактор нишастам, то барои корҳои кишоварзӣ омодагӣ бинам.

Ба ҳамсарам гуфтам, ки фарзандонро ба хона дарорад, ки мабодо назди трактор наоянд. Вай онҳоро ба хона даровард, худаш ба ошхона рафт, то чой дам кунад. Дар ҳамин вақт замин ба ларзиш даромад.

Ман эҳсос кардам, ки чӣ гуна замин меларзид ва дар пеши чашмам сохтмонҳо фурӯ мерехтанд. Гӯё карахт шуда будам. Фикр кардам, ки дар ҳамон лаҳза ҳамаи наздиконамро аз даст додам… Бароям хеле душвор аст, ки он рӯзро ба ёд орам…”,- нақл кард Шаҳриддин.

Ӯ қариб 30-сола аст. Ҳамсараш Назарбӣ 28-сола буда, аслан аз деҳаи Елгии (ҳоло Самандар) ноҳияи Тоҷикобод мебошад. Пас аз издивоҷ ба деҳаи Уштурпаст кӯчидааст. Онҳо чаҳор фарзанд доштанд.

“Акнун се фарзанд монд”,– бо нафаси вазнин ва ба сахтӣ гуфт Шаҳриддин. Солҳои зиёд аст, ки мард ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад ва дар сохтмонҳои Санкт-Петербург кор мекунад.

Субҳи рӯзи дигар, муаллифи мо ба Рашт сафар кард.

Наврӯзе, ки шодӣ надошт

Раиси ноҳияи Рашт, Заррина Идизода, муаллифи моро бо гармӣ пешвоз гирифт. Вақте ки аз ҳадафи сафари ӯ ба ин ноҳия огоҳ гардид, иқрор шуд, ки дар ин рӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон – аз президент то деҳқони оддӣ бо мардуми Рашт ҳамдарданд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, он рӯз, 13 апрел дар Рашт ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд.

“Мо нав ба минбари марказӣ баромадем. Қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз шуд. Маликаи Наврӯз савори асп пайдо шуд ва мебоист дар атрофи майдон як давр мегашт.

Ногоҳ дидам, ки асп якбора истод ва дигар намехост ҳаракат кунад. Бо пояш ба замин мезад. Рост мегӯянд, ки ҳайвонот офатҳои табииро эҳсос мекунанд.

Дар ҳамин лаҳза замин сахт ба ларзиш даромад. Гумон кардам, ки ҳама чиз дар гирди ман фурӯ меравад. Дуо мекардам, аз Худованд илтиҷо намудам, ки моро раҳм кунад, чун дар варзишгоҳ тақрибан 2 ҳазор хонанда ва кӯдакони сокинони ноҳия ҷамъ шуда буданд. Дар нишастгоҳҳои варзишгоҳ бошад, наздики 7 ҳазор тамошобин ҳузур дошт, меҳмонон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ омада буданд”, – ба ёд меорад он рӯзро Идизода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ баъди 6-7 дақиқа аз ҳукумати кишвар занг заданд.

Суҳбат бо муовини раиси ноҳия, Хандулло Шарифзода идома ёфт. Ӯ муаллифи моро ба деҳаҳое бурд, ки бештар аз заминларза осеб дидаанд.

Хандулло Шарифзода муовини раиси ноҳияи Рашт. Акс: Your.tj

Сохтмони хонаҳои нав дар Зарангак

Дар деҳаи Зарангаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, тибқи супориши ҳукумат, барои нафароне, ки пурра манзилҳои худро аз даст додаанд, як шаҳраки нав бунёд мешавад.

“Дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфтаанд. Тибқи нақша, биноҳои замонавие сохта мешаванд, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯянд”,– мегӯяд Хандулло Шарифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Рашт.

Шарифзода афзуд, ба ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 34 оила кӯчонида мешаванд – онҳое, ки манзилашон дар натиҷаи зилзила пурра хароб шудааст ва ҳамчунин хонаводаҳое, ки хонаҳояшон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Дар ноҳияи Рашт корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд. Акс: Your.tj

Ба гуфтаи ин мансабдор, ба ҳар як оила 8 сотих замин ҷудо гардидааст. Барои бунёди маҳаллаи нав дар маҷмӯъ 4 гектар замин пешбинӣ шудааст.

Тибқи арзёбиҳо, дар натиҷаи заминларзаи охир дар ноҳияи Рашт тақрибан 200 оила осеб дидаанд. Манзили 34 оила комилан вайрон шудааст, хонаҳои 72 оила қисман ва 89 хонавода андаке осеб дидаанд.

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи фаврӣ оид ба рафъи паёмадҳои зилзила дар минтақаи Рашт дастур дод, ки ба хонаводаҳои осебдида қитъаҳои замин ҷудо карда шаванд, хонаҳои онҳо пурра бунёд ва то 1-уми ноябр ба истифода супорида шаванд.

Акс: Your.tj

Хомӯшии ваҳмангези Уштурпаст

Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак тақрибан 20 км дуртар аз маркази маъмурии ноҳияи Рашт ҷойгир аст ва беш аз ҳама аз заминларза осеб дидааст.

Деҳаи Уштурпаст ба ҳамин ҷамоат дохил мешавад. Сокинони он соли 1982 аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Қумсангир) ба ин ҷо кӯч бастаанд. Мегӯянд, ки гузаштагони онҳо соли 1949, баъди заминларзаи Ҳоит, аз ҳамин ҷо ба водии Вахш кӯчонида шуда буданд.

Аввалин чизе, ки муаллифи мо ҳангоми ворид шудан ба деҳаи Уштурпаст дид, хонаи Шаҳриддин буд, дурусттараш, чизе ки аз он боқӣ монда буд. Худи Шаҳриддин ҳанӯз дар Душанбе буд, назди ҳамсар ва фарзандонаш.

Хонаи Шаҳриддин, деҳаи Уштурпаст. Акс: Your.tj

Мо бо бобои писарбачаи фавтида – Баҳриддин Машрабов рӯ ба рӯ шудем, ки вақте аз фоҷиа огоҳ шуд, аз шаҳри Москва назди хонаводаш парвоз кардааст.

“Ман нав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будам, пештар раиси маҳалла будам, – нақл кард Баҳриддин Машрабов. – Пас аз се рӯз аз фоҷиа расидам ва хабари марги набераамро ҳамин ҷо фаҳмидам.

Рӯзи пеш бо ӯ тавассути телефон суҳбат кардем, писараки зебое буд. Албатта, ин талафоти барқарорнашаванда аст… Вале, шояд қисмати мо ҳамин будааст.

Шукри Худо мекунем, ки дигарон зинда монданд”.

Ба гуфтаи Баҳриддин, дар деҳаи онҳо қаблан 13 оила зиндагӣ мекард. Ҳамаи хонаҳо пурра вайрон шудаанд. Вақте онҳо аз зери вайронаҳо ашёи рӯзгорро берун меоварданд, диданд, ки соат дар вақти 09:20 қатъ шудааст. Айнан ҳамон замон заминларзаи даҳшатнок рух дода буд.

Баҳриддин Машрабов соатеро нишон медиҳад, ки дар он вақт дар лаҳзаи заминҷунбӣ ва марги набераи ӯ бозистодааст. Акс: Your.tj

Ягона илтиҷои модар – “фарзандонамро наҷот диҳед”

Ба суҳбат Назаралӣ Машрабов ҳамроҳ шуд, ки аввалин шуда ба ёрии хонаводаи Баҳриддин шитофт. Ӯ барои берун овардани келин ва набераҳо кӯмак кардааст.

Назаралӣ мегӯяд, вақте келинро аз зери вайрона берун мекарданд, вай ба ҳуш буд, вале танҳо як илтиҷо дошт – фарзандонашро наҷот диҳанд. Мутаассифона, писарбачаро дер ёфтанд.

Худи Назаралӣ низ дар заминларза зарар дидааст, духтараш ҷароҳат бардоштааст. Ҳамаи маҷруҳонро бо мошин ба маркази ноҳия мебурданд, вале дар роҳ маълум шуд, ки як порчаи кӯҳ бар асари заминларза канда шуда, роҳро бастааст. Мардони маҳаллӣ маҷбур шуданд, маҷруҳонро ба шонаҳояшон гирифта, то ба мошини дигар баранд ва ҳамин тавр онҳоро ба шифохона интиқол диҳанд.

Акс: Your.tj

Заминларза ба Тоҷикобод низ расид

Абуил Ҷӯраев, сокини деҳаи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аст. Қисме аз хонаи ӯ дар натиҷаи заминларза хароб шудааст. Худаш дар он вақт дар деҳа набуд.

Ҳатто вақте ки дар мошин будам, эҳсос кардам, ки замин меларзад. Вақте баргаштам, дидам, ки деворҳои хонаам фурӯ рехтаанд. Хушбахтона, ҳамсару фарзандонам зиндаву солиманд, – гуфт Абуил. – Дирӯз аз номи ҳукумат ба мо масолеҳи сохтмонӣ доданд. Чӣ тавре мебинед, аллакай сохтмонро оғоз кардем.

Лангари Шоҳ ягона деҳа дар Тоҷикобод нест, ки сокинонаш аз заминларза зарар дидаанд.

Хонаи Абуил Ҷӯраев. Акс: Your.tj

Гурӯҳҳои корӣ то ҳол дар маҳалли фоҷиа фаъолият доранд. Ба Тоҷикобод аз марказ кӯмаки ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳои нав оварда шудааст.

Хонаи Абуил Ҷӯраев. Акс: Your.tj

Ба иттилои расмӣ, маркази зилзилае, ки 13 апрел рух дод, дар масофаи 160 км аз шаҳри Душанбе ва 21 км аз ноҳияи Рашт ҷойгир буда, шиддати он дар марказ 5-6 баллро ташкил медод, дар ҳудуди Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе – 3 балл.

Акс: Your.tj

Ҳасан Давлатхӯҷа, муовини аввали раиси ноҳияи Тоҷикобод, иттилоъ дод, ки дар натиҷаи заминларза 33 хона дар Тоҷикобод пурра хароб шудаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар маҷмуъ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 65 манзили истиқоматӣ пурра, 193 хона қисман ва 150 хонаи дигар каме зарар дидаанд. Ҳамчунин 193 иншооти ёрирасон осеб дидаанд. Аз ҷумла, як беморхона, ду нуқтаи тиббӣ ва 8 муассисаи таълимӣ зарар дидаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, махсус барои Your.tj

Душанбе – Рашт – Тоҷикобод – Душанбе


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend