Иттиҳоди Аврупо дархости Украинаро барои қабул ба узвият рад кард
Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи “ранҷу дарди тасаввурнопазир”-е, ки Русия ба сари мардуми Украина овард, маҳкум карданд, аммо дар нишасти худ, ки дар Фаронса баргузор шуд, дархости Киев барои узвияти ҳар чӣ зудтари ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро напазируфтанд.
Ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки бузургтарин ҳамла ба як кишвари аврупоӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ба ин тараф ба шумор меравад, низоми амниятии Аврупоро барҳам зад ва пойтахтҳои аврупоиро ба бозандешӣ дар бораи сиёсатҳои иқтисодӣ, дифоӣ ва энержии ин иттиҳодия водошт.
Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои сахтеро алайҳи Маскав ҷорӣ кард. Ин иттиҳод ҳамакнун кӯмакҳои башардӯстонаро барои мардуми Украина фароҳам меоварад ва ҳамчунин артиши Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад.
Аммо дархости Киев барои суръат бахшидани раванди узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ихтилофро дар миёни раҳбарони ин иттиҳод ба вуҷуд овард. Андреҷ Пленкович, нахуствазири Хорватия дар нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки то субҳи ҷумъа давом кард, гуфт, “ҳеҷ касе дар як шаб вориди Иттиҳоди Аврупо нашудааст”.
Аз сӯе, Чарлз Мишел, раиси ин нишаст, бо ибрози ҳамдардӣ бо Украина ва ҳимояти ахлоқӣ аз ин кишвар гуфт, ки “Украина ба ҳама хонаводаи аврупоӣ тааллуқ дорад”.
Аммо бархе дигар гуфтанд, ки бар хилофи хости президенти Украина Владимир Зеленкский, Украина иҷоза надорад ба ин зудӣ ва шитобзада вориди Иттиҳоди Аврупо шавад. Аз ҷумла, нахустазири Ҳоланд ба ин дархост мухолифат кард.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса аммо гуфт, айни замон имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ба таври умумӣ рад нашудааст.
Вай изҳор дошт, “оё метавонем дарҳоро барои узвияти кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, боз кунем? Фикр накунам. Оё метавонем дарҳоро бибандем ва бигӯем, не? Одилона нест. Биёед эҳтиёткор бошем”.
Узвият дар Иттиҳоди Аврупо маъмулан чандин сол идома мекунад ва шартҳои сахте дорад, аз ҷумла, суботи иқтисодӣ, решакан кардани фасод ва риояи ҳуқуқи башар.
Арзиши газ дар Тоҷикистон якбора боло рафт
Нархи чаканаи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон тайи як шабонарӯз ба андозаи 12,3% – аз 6,50 сомонӣ барои 1 литр рӯзи 10 март то ба 7,30 сомонӣ дар имрӯз боло рафт.
Бино ба маълумоти расмӣ, бо сабаби нисбатан арзон будани ин навъи сӯзишворӣ зиёда аз нисфи нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ бо он кор мекунад.
Ҳамчунин болоравии арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ идома дорад.
Арзиши 1 литр бензини навъи АИ-92 давоми як шабонарӯз ба миқдори 2,6% (аз 11,70 сомонӣ то ба 12 сомонӣ) ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) ба андозаи 4,2% (аз 12 сомонӣ то ба 12,50 сомонӣ) зиёд шуд.
Ёдрас мекунем, ки давоми рӯзҳои ахир арзиши бензин ба миқдори 17% ва сӯзишвории дизелӣ – 17,7% боло рафт.
Болоравии нархи сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши тадриҷии арзиши он аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта ба мушоҳида мерасад.
Нархи сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон маъмулан ба арзиши ниҳоии ҳамаи молу маҳсулоти дигар таъсир мерасонад, зеро боркашонии дохилӣ тариқи нақлиёт қариб пурра бо ҳамин навъи сӯзишворӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи гароншавии сӯзишворӣ дар бархе аз хатсайрҳои ғайриқонунии таксии пойтахт низ роҳкиро қимат шуда, акнун ронандагон аз як нафар ба ҷойи 7 сомонии то 10 март муқарраршуда 8 сомонӣ пул мепурсанд.
Нархи нақлиёти ҷамъиятие, ки қонунӣ дар шаҳр ба фаъолият машғуланд, ҳоло бетағйир боқӣ мемонад.
Дарёфти шарҳи сохторҳои марбута ва ширкатҳои воридкунанда дар мавриди гароншавии маводи сӯхт алҳол муяссар намешавад.
Як муҳоҷири тоҷик дар Украина захмӣ шудааст
Як муҳоҷири 22‑сола аз Тоҷикистон шаби 9‑уми март дар Киев захмӣ шудааст. Вай якуним сол боз дар Украина кору зиндагӣ мекард.
Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз ӯ “Н. Ҷ. ном бурд, ки ҳангоми соати комендантӣ дар хиёбонҳои Киев гаштугузор кардааст.”
Худи ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 11-и шаб ба хиёбон баромад, ки тирпарронӣ шуд ва аз пояш ҷароҳат бардошт. “Нафаҳмидам, ки тирпарронӣ миёни кӣ буд. Ҳоло дар беморхона ҳастам ва поямро ҷарроҳӣ карданд. Роҳ гашта наметавонам ва бояд чанд рӯз ин ҷо бимонам,” — гуфт ӯ рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, мегӯяд, бо муҳоҷири тоҷик суҳбат доштанд ва ба ӯ ёрӣ мерасонанд.
“Аз онҳое, ки дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина мондаанд, хоҳиш дорем, ки дар соати комендантӣ ба берун набароянд. Дар ин вақт касе кафолати бехатарӣ дода наметавонад. Бо даст додани имкон шаҳрвандон ба ҷои бехатар кӯчонида мешаванд, вале то он вақт беҳуда ба берун набароянд,” — гуфт ӯ.
Ба иттилои расмӣ, то оғози ҳамлаи Русия, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Дар ду ҳафтаи охир тақрибан 1400 нафари онҳо аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурдаанд.
Фирориёни тоҷикро аз Варшава тавассути ду хатсайри чартерӣ ба Тоҷикистон баргардониданд
Ҳавопаймои дуюми чартерӣ бо 120 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Украина ба Полша фирор карда буданд, аз фурудгоҳи Фредерик Шопени Варшава ба самти Душанбе парвоз кард.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳавопаймои дуюм аз пойтахти Полша он шаҳрвандонеро интиқол медиҳад, бо хоҳиши бозгашт ба ватанро изҳор карданд. Даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз Украинаи дар ҳоли ҷанг фирор карда дар хоки кишвари аврупоии ҳамсояаш паноҳ бурданд, феълан барои бозгашт омода нестанд. Ба ин тартиб аз шаби 10 ба 11-уми март хоки Полшаро ду ҳавопаймои ҳомили беш аз 300 мусофири тоҷикистонӣ тарк кардааст.
Гурӯҳи нахустини 186-нафараи фирориҳои тоҷик субҳи 11 март ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид. Аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, мақомоти тоҷик барои интиқоли фирориёни тоҷик бо ширкати ҳавоии лаҳистонии «Enter Air» барои бозпас овардани онҳо ба Тоҷикистон тавофуқ кардааст. Манбаъ афзуд, ки шоми гузашта ин гурӯҳи фирориён аз Варшава, пойтахти Полша ба Душанбе парвоз кардаанд. Ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Олмон, ба нафароне, ки бо худ шиноснома надоштанд, дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан дода шудааст. Се дипломати тоҷик дар фурудгоҳ барои таҳияи расмиёти зарурии сафар ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Тавре сафорат иттилоъ медиҳад, то рӯзи 10 март ҳудуди 1600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша расиданд ва беруншавии онҳо аз ин кишвар идома дорад. Дар маҷмӯъ, ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Украина, то шурӯи ҷанги Русия дар ин кишвар 4 ҳазор тоҷикистонӣ ба сар мебурд. Дар миёни онҳо ҳам донишҷӯён ва ҳам коргарони созмонҳои мухталиф мебошанд.