Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ду нафар сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд. Онҳо аз шаҳрвандон бо ваъдаи фиристодан ба Ҳаҷҷи умра маблағ ҷамъ оварда, онҳоро фиреб додаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ дар гузориши “Милитсия ҳомии ҷомеа” хабар дод.
“Пӯлодҷон Зоирови 47-сола ва Абдулқаюм Холмирзоеви 58-сола аз моҳи сентябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 барои ба Ҳаҷҷи умра бурдани муроҷиаткунандагон аз ҳар яки онҳо аз 14 то 21 ҳазор сомонӣ талаб намудаанд.
Онҳо ба муштариёнашон ваъда додаанд, ки ҳангоми сафар онҳоро тавассути ширкатҳои хориҷӣ бо ҷойи хоб, хӯрду хӯрок ва дигар хизматрасониҳо таъмин менамоянд. Вале танҳо як қисмати муштариёнашонро ба ҳаҷ фиристода, зиёда аз 30 нафарро умуман равон накардаанд”,- омадааст дар гузориш.
Ҳаҷми умумии маблағи ба даст овардаи онҳо зикр нашудааст.
Гуфта мешавад, нафарони ба воситаи онҳо ба сафари ҳаҷ рафта саргардон шуда, ба мушкили ҷойи хоб, хӯрок ва хизматрасониҳои дигар дучор омада, аз ҳисоби худ сарф карда, барои харидани чиптаи бозгашт маблағ наёфтаанд.
Ба иттилои ВКД, гумонбарон аз ҳар минтақа зиёда аз 40 нафар муллову қориҳоро барои ҷалби бештари мардум даъват намуда, аз ҳисоби маблағи дигар шаҳрвандон онҳоро ройгон ба Ҳаҷҷи умра сафарбар намудаанд.
“Мо дар охир аз ҳисоби маблағҳои аз мардум ҷамъкарда домуллоҳоро ба ҳаҷ фиристодем ва натавонистем боқимонда одамони пулдодаро ба адои ҳаҷ фиристем. Ширкатҳои узбекистонӣ маблағ талаб карданд ва шахсони тавассути мо ба ҳаҷ рафта бе ҷойи хобу хизматрасонӣ монданд”,- мегӯяд яке аз боздоштшудагон.
Яке аз гумонбарон Абдулқаюм Холмирзоев 4 маротиба, як фарзанди ӯ 2 маротиба ва дигар аъзоёни оилааш (11 нафар) аз ҳисоби маблағҳои аз шаҳрвандон ҷамъоварда адои ҳаҷ кардаанд, ки барои ин дар умум 210 ҳазор сомонӣ масраф намудаанд.
Нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.