Фиреб ба маблағи қариб 2 млн. сомонӣ. Як сокини Душанбе дастгир шуд

Як сокини Душанбе ба қаллобӣ ба маблағи наздики 2 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Милитсияи пойтахт сокини 46-солаи шаҳри Душанбе И.З.-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир кард.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, номбурда аз шаҳрванд Бахтиёр И. маҳсулоти барқӣ аз қабили трансформатор ва ноқилҳои гуногуни барқиро ба маблағи 1 миллиону 770 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағҳояшро бозпас нагардондааст.

Инчунин, аз як сокини дигари пойтахт 70 ҳазор сомонӣ маблағи нақд гирифта, ӯро низ фиреб додааст.

Манбаъ меафзояд, оид ба далелҳои мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Skip to toolbar