“Фикр кардам, ки зиндагиам тамом шуд”. Ронандаи автобус оиди садама ва хайрхоҳии тоҷикистониён

Ҷуброни зарари 7 мошину автобус ва кӯмаки пулию молӣ ба ронандаи автобус.


Акс аз сомонаи РВКД

Дар Душанбе ба ронандаи автобусе, ки ба ҳафт мошини таксӣ бархӯрда буд, ширкати “Рахш таксӣ” ҳама зарари расонидашударо ҷуброн кардаанд. Ширкат натанҳо зарари ба мошинҳо расонидашуда, балки рӯзҳои бекории ронандагонро низ пардохт кардааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи 1 ҳафтаи охир номи ронандаи автобуси хатсайри №33 Назар Назаров  дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Блогерон аз зиндагии ин мард қиссаҳо карданд ва гиряҳои модари ронанда ба корбарон таъсир расонид ва онҳо низ хостори  расонидани кӯмак шуданд.

Ронандаи автобус Назар Назаров ба Your.tj оиди чӣ гуна рух додани ҳодиса ва кӯмаки корбарони интернетӣ ва ширкати “Рахш таксӣ” нақл кард.

“Дар ҳолати шок қарор доштам

Автобуси мусофирбар рӯзи 2-юми апрел дар маҳаллаи “Шаҳраки тиббӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 таксиро пахш кард. Назар мегӯяд, ки ӯ рӯзадор буду аз хастагии зиёд нохудогоҳ сари чанбарак хобаш бурдааст.

“Рӯзи аввали рӯзадориро ҳама медонанд, одам хаставу бемадор мешавад. Худам нафаҳмидам, ки чӣ гуна хобам бурдааст. Як вақт ба худ омада дидам, ки 7 мошинро зер кардаам. Эҳсосоти ҳамонлаҳзаинаро наметавонам бо сухан гӯям, дар ҳолати шок қарор доштам ва намедонистам, ки чӣ кор кунам”, – нақл мекунад, Назар.

Пас аз ин ҳодиса ронандагоне, ки мошинҳояшон зарар дида буданд аз Назар маблағи таъмири мошинҳоро талаб мекарданд. Ӯ дар наворе, ки блогерон аз шароити зиндагиаш сабт карданд, мегӯяд, ки шароити зиндагиаш сангин асту имкони пардохти ин маблағро надорад. Модари ӯ дар навор гиряҳои ҷонсӯз кард, ки гумроҳ шудаанду чӣ кор кардану аз куҷо ин қадар маблағро оварда пардохт карданро намедонанд.

Гиряҳои модар ва кӯмаки ҳамватанон

Навори гиряҳои модари Назар дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва тамоми тоҷикони дунё ба ин ҳодиса вокуниш нишон доданд ва омодагии худро ба кумакӣ ин ронанда изҳор намуданд. Ба номи ронанда ва модараш ҳисоби бонкӣ кушода шуд ва маблағи зиёде низ ҷамъ шуд, ки блогерон онро оварда ба таври нақди ба оилаи Назаровҳо супориданд. Ба ғайр аз ин, нафарони зиёде ба хонаи онҳо омада бо маводҳои хӯрокворӣ кӯмакашон карданд.

Падару модари Назар аз ҳама мардуми хайрхоҳ изҳори ташаккур карданд ва даст ба дуои хайр бардоштанд.

Онҳо мегӯянд, ки дар танҳои ҳеҷ гоҳ ин мушкилиро ҳал карда наметавонистанд, чун Назар ягона нафари коргар ва нонбиёр дар оила буд ва ҳамагӣ як моҳ боз ба кори ронандаи автобус пардохта буд.

Ба нақли ронанда аз ин пеш ӯ дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе кор мекард ва аз ҳамин ҳисоб зиндагии оилаашро пеш мебурд.

“Фикр кардам, ки зиндагиам ба охир расид

Ба гуфтаи Назар, шодиовар он аст, ки ширкати Рахш таксӣ барои таъмири 7 автомобили зарардида ва ҳам автобус 315 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва ин борро аз души ӯ озод намуд. Акнун маблағеро, ки мардум ба ҳисоби бонкӣ гузаронида буданд, ӯ бо хонаводааш барои таъмини зиндагии худ сарф мекунад.

Ронанда аз ин вокуниши ҳамватанон дар ҳайрат аст ва мегӯяд, ки интизорашро надошт.

“Ман як лаҳза фикр кардам, ки тамом зиндагиам ба охир расид. Ман ҳеҷ гоҳ ин қадар маблағ ёфта ба ронандагон ҷубронпулӣ супорида наметавонам. Лекин хушбахтона мардуми тоҷик дар ин лаҳзаи сангин оилаи моро танҳо нагузошт ва дасти ёрӣ дароз кард. Ман ва оилаам аз тамоми мардуми хайрхоҳ махсусан аз ширкати “Рахш таксӣ” миннатдорем. Худованд дар ин моҳи муборак ҳар як хайркунандаро якашро сад гардонад”, – мегӯяд, Назар.