fbpx

«Фигуратда гап нестай», «Бмбрмтае»…: «Комплимент»-ҳои кӯчагиро ба забони адабӣ баргардон кардем


0
Акс: Аз сомонаи pinterest.ru

Дар Тоҷикистон байни ҷавонон хушгӯйӣ ё ба истилоҳ «гап додан» ба духтарон мӯд шудааст. Баъзе аз хушгӯиҳои (комплимент) мардон ба духтарон дар назар хеле аҷиб менамоянд.  Масалан: «Хари бади», «дар ишқи ты лшпидагиюм», «бмбрмтае» ва монанди инҳо.

Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон мо маъруфтарин хушгӯиҳои ҷавононро ҷамъ оварда, кӯшиш намудем, то бо забони адабии тоҷикӣ баргардонем.

«И хушруя би» – Ин зебоиро нигар

«Бмбрмтае» – Бароят ҷонамро медиҳам

«Мара да ты бкша» – Бароят ҷонамро медиҳам

«Хари бади» – Ту беҳтаринӣ

«Дар ишқи ты лшпидагиюм» – Ба доми ишқат гирифторам кардӣ

«Пааххх, ика бамазззаее» – Воҳ, чӣ хел зебост

«Буватонба домод даркор не-ми?» – Ба модаратон домод лозим нест?

«Буватонба келин даркор не-ми?» – Ба модаратон келин лозим нест?

«Э дхта телех даркор нест?» – Ҳой духтар, ба Шумо муҳофиз даркор нест?

«Ай т хшруш бмбра» – Аз ту хушрӯяш бимирад

«Фигуратда гап нестай» – Қомати зебо дорӣ

«Ай касе боши ошш шава» – Дар насиби касе бошӣ, хуш ба ҳолаш

«Байтал бдай неке»  – Қоматбаланд будаӣ

«Гушом ҷнбид а дхта ба и хшругит» – Аз зебоият моту маҳбут гаштам

«Кошке очат тра намезойд» – Кош туро намедидаму намесӯхтам

P.S. Хоҳиш мекунем моро маҳкум накунед, мо танҳо нишон додем, ки чунин хушгӯиҳо ба забони адабӣ чӣ гуна мешаванд. Шумо низ ба мо кӯмак намоед, боз кадом «комплимент»-ҳоро медонед, ки мо онро фаромӯш кардем ва онҳо ба забони адабии тоҷикӣ чӣ гуна навишта мешаванд, дар шарҳ гузоред.

Малика Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend