fbpx

«Фигуратда гап нестай», «Бмбрмтае»…: «Комплимент»-ҳои кӯчагиро ба забони адабӣ баргардон кардем

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маъмултарин хушгӯиҳои ҷавононро ҷамъ оварда, кӯшиш намудем, то онҳоро ба забони адабии тоҷикӣ баргардонем.


-2
-2 points
Акс: Аз сомонаи pinterest.ru

Дар Тоҷикистон байни ҷавонон хушгӯйӣ ё ба истилоҳ «гап додан» ба духтарон мӯд шудааст. Баъзе аз хушгӯиҳои (комплимент) мардон ба духтарон дар назар аҷиб ва ҳатто дағалу гӯшхарош менамоянд. Масалан: «Хари бади», «дар ишқи ты лшпидагиюм», «бмбрмтае» ва монанди инҳо.

Муалллифи Your.tj бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маъмултарин хушгӯиҳои ҷавононро ҷамъ оварда, кӯшиш намуд, то онҳоро ба забони адабии тоҷикӣ баргардонад.

«И хушруя би» – Ин зебоиро бубин

«Бмбрмтае» – Бароят бимирам

«Мара да ты бкша» – Бароят ҷонамро медиҳам

«Хари бади» – Ту беҳтаринӣ

«Дар ишқи ты лшпидагиюм» – Ба доми ишқат гирифтор шудам

«Пааххх, ика бамазззаее» – Воҳ, чӣ хел зебост

«Буватонба домод даркор не-ми?» – Ба модаратон домод лозим нест?

«Буватонба келин даркор не-ми?» – Ба модаратон келин лозим нест?

«Э дхта телех даркор нест?» – Ҳой духтар, ба Шумо муҳофиз даркор нест?

«Ай т хшруш бмбра» – Аз ту зеботараш нест

«Фигуратда гап нестай» – Қадду қомати зебо дорӣ

«Ай касе боши ошш шава» – Дар насиби касе бошӣ, хуш ба ҳолаш

«Байтал бдай неке»  – Қоматбаланд будаӣ

«Гушом ҷнбид а дхта ба и хшругит» – Аз зебоият моту маҳбут гаштам

«Кошке очат тра намезойд» – Кош туро намедидаму намесӯхтам

P.S. Хоҳиш мекунем моро маҳкум накунед, мо танҳо нишон додем, ки чунин хушгӯиҳо ба забони адабӣ чӣ гуна мешаванд. Шумо низ ба мо кӯмак намоед, боз кадом «комплимент»-ҳоро медонед, ки мо онро фаромӯш кардем ва онҳо ба забони адабии тоҷикӣ чӣ гуна навишта мешаванд, дар шарҳ гузоред.

Малика Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend