Фавти шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Вогоград

Шаш нафар муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Волгогради Русия дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газҳои ихроҷшаванда дар дохили автомобил ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад, РИА Новости.

“Дар Среднеахтубинский  ҷасади шаш нафар коргарони ферма пайдо карда шуд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд”, гуфтааст, манбаъ.

Ҳодисаро дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ тайъид карданд ва гуфтанд, ки ҷузъиёти ҳодисаро пайгири доранд.

“Сафорат аз ҳодисаи ба ҳалокат расидани 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази ихроҷшуда дар ҳудуди вилояти Волгоград дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия бо мақсади пайгириии он дар ҳамкорӣ мебошад.

Ҳамчунин ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти сафорат

Ёдрас мекунем, ки  чанд рӯз пеш ҷасади муҳоҷири  тоҷикро бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт карданд.

Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту  дар қаламрави фурудгоҳ буд, дарёфт шуд.

Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тоҷикистонии кушташуда як моҳ пеш бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.

Skip to toolbar