Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Фавти ду зоири тоҷик дар Арабистон. Фавтидагонро дар “Масҷид-ул-ҳаром” ҷаноза кардаанд
Дата публикации: 12:4713.07.2022
Ду зоири тоҷикистонӣ зимни маросими Ҳаҷ-2022 дар Арабистони Саудӣ фавтиданд. Яке аз онҳо зодаи шаҳри Исфара ва дигарӣ аз ноҳияи Қубодиён аст, хабар медиҳад Кумитаи дин бо истинод ба сардухтури мавсими ҳаҷи имсола Тӯрахон Шарифзода.
Ҷанозаи Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64- солаи ноҳияи Қубодиён дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.
Сабаби фавти зоиринро сардухтури мавсим сактаи дил гуфтааст.
Шарифзода гуфтааст, зоирони дигари тоҷикистонӣ солим буда, баъзе аз онҳо бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво, аз сабаби нӯшидани оби хунук ба бемориҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ба табиб муроҷиат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз миёни зоиррони тоҷик ҳолати гирифторӣ ба “COVID-19” ба қайд гирифта нашудааст ва ба зоирони тоҷик шароити хуби хизматрасонии тиббӣ фароҳам аст.

Ёдовар мешавем, ки имсол пас аз танафуси 2-сола зоирони тоҷик барои адои маросими ҳаҷ-2022 ба Арабистони Саудӣ рафтанд. Имсол барои тоҷикистониён кишвари мизбон 3562 квота ҷудо кардааст.
Ду соли охир сафари зоирони тоҷик ба далели пандемияи коронавирус манъ шуда буд.
Аввалин гуруҳи зоирони тоҷик рӯзи 20 июн ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Арзиши имсолаи сафари ҳаҷ нисбат ба соли 2019 тақрибан 25 ҳазор сомонӣ гарон шудааст, ки он тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, (5 ҳазору 350 доллар) муайян гардидааст.
Болоравии қимати ҳаҷро дар Кумиати дин ба афзоиши қимати якчанд хизматрасониҳо дар Арабистони Саудӣ рабт доданд. "Чунончӣ хидматрасонӣ дар Мино ва Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар буд, аммо имсол бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ дар ин кишвар хароҷотро то 1424 доллар боло бурдааст", - гуфта буданд дар Кумитаи дин.
Ин фавти аввали ҳоҷиёни тоҷик дар Арабистони Саудӣ нест. То соли 2019 қариб дар ҳар мавсим фавти зоирони тоҷик ба қайд гирифта мешавад.
1187 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад