fbpx

“Фарзанд” не, “кӯдак”. Дар Тоҷикистон масъулони таълиму тарбияи кӯдакро 3 тақсим карданд

Тибқи таҳрири нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.


0
Кӯдакони Тоҷикистон
Акс: спутник

8-уми май ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид. Зимни он лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав баррасӣ шуд. Дар ин бора нашрияи порлумонии “Садои мардум” хабар дод.

Дар рафти ҷаласа Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон баромад карда, гуфт, қабули ин қонун дар таҳрири нав иқдоми саривақтӣ буда, он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.

“Аз “фарзанд” ба “кӯдак” табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои “падару модар” бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми “фарзанд” маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон)”,- таъкид кард вазир.

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал принсипҳои масъулият барои, сиёсати давлатӣ, ҷалби аҳли ҷомеа ва мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти ҳукумат дар ин самт, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шудаанд.

Дар моддаи 8-и қонун муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамакнун, тибқи сархати 7 моддаи 1-и қонун дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат аст.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2-юми августи соли 2011 қабул шуда, аз 6 боб ва 17 модда иборат буд. Мувофиқи он дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар ва шахсоне, ки онҳоро  иваз мекунанд (минбаъд – падару модар) масъул буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend