Дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе кӯчаи сайёҳии ҳамном бо намоиш фурӯши маҳсулоти дастӣ, таомҳои миллӣ, армуғон ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистону Эрон ташкил карда шудааст.
Ин кӯчаро, ки ширкатҳои “Сомон Трэвел”, “Диёр Трэвел”-и Тоҷикистон ва “Бобо Ҳумоюн”-и Эрон ташкил намудаанд, аз 11-уми ноябр ба кор оғоз карда, як моҳ идома меёбад ва ҳамарӯзи аз соати 11 то 22 боз аст.
Ҳадафи ташкили он таблиғи гардишгарӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байни Душанбе ва Теҳрон гуфта мешавад.
Маҳдии Наҳвӣ, мудири гузари гардишгарии “Бобо Ҳумоюн”-и Теҳрон ва яке аз ташкилкунандагони ин гузари ба номи Куруши Кабир аст.
“Дар ин гузар мо бештар фарҳанги мусиқӣ, оинҳои сунатии ақвомҳои гуногун, хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти дастии ду кишварро ба намоиш гузоштем”, – гуфт ӯ.
Мудири гузари “Бобо Ҳумоюн” инчунин гуфт, талош мекунанд, то ин кӯчаи сайёҳиро, ки муваққатӣ аст, ба як кӯчаи гардишгарии доимӣ табдил диҳанд ва навъҳои ғизо, савғотӣ, маҳсулоти дастӣ ва фарҳангу оинҳои эронӣ аз ин вусъатдортар ба намоши гузошта шавад.
Ӯ зикр кард, ки дар айёми ҷашни Наврӯз низ ин гузар ифтитоҳ мешавад.
Дар ин гузар чӣ ҳаст?
Дар кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир ғурфаҳои фурӯши маҳсулоти гуногун аст, ки дар қисме маҳсулот аз Тоҷикистон ва дар қисме аз Эрон ҷойгир аст.
Маҳсулоти дастӣ ва ҳунарии чанд устон (вилоят)-и Эрон оварда шудааст. Инчунин, хӯрокҳои миллии эронӣ ҳамарӯза омода карда мешавад.
“Мо натавонистем, маҳсулоти ҳамаи устонҳои Эронро ба намоиш биёрем, чун фурсат кам буд. Ҳоло дар ин гузар маҳсулоти қаламкории Исфаҳон, чоқу (корд)-и Занҷон, пухти зиндаи суҳони Қум, санъати чубии Шероз, сафоли Ҳамадон ҳаст. Инчунин қаламкашии Исфаҳон аст, ки дар ҳузури худи шумо инҷо анҷом медиҳад”, – гуфт Маҳдии Наҳвӣ.
“Маҳсулоти санъати дастӣ овардаем. Маҳсулоти сафолӣ, марворидӣ, сангӣ, ҷузъдонҳои термаи Яздро овардаем. Масалан, ин маҳсулоти сафолӣ, ки таърихи қадимӣ дорад, аз шаҳри Лолаҷини Ҳамадон аст”, – гуфт Иброҳими Ҳусайнӣ, ки масъули яке аз ғурфаҳо аст.
Инчунин шомгоҳон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва мусиқӣ, бозиҳои гуногун, қуръакашӣ, туҳфаҳои гуногун ва ҳунарнамоии ҳунармандони Тоҷикистону Эрон доир мешавад.
Интизориҳо аз ташкили чунин кӯчаи сайёҳӣ
Маҳдии Наҳвӣ, мудири гузари гардишгарии “Бобо Ҳумоюн”-и Теҳрон зикр кард, онҳо нақшаи тавлид маҳсулотҳоеро доранд, ки давоми ин намоишгоҳ аз ҷониби сокинони Тоҷикистон хуш қабул карда мешавад.
“Он маҳсулоте, ки бештар истиқбол мешавад ва мардуми шумо дӯст медоранд, мо дар Тоҷикистон тавлид кунем ва содир кунем ба кишварҳои ҳамсояи шумо ба монанди Қирғизистон, Узбекистон ва Русия”, – гуфт ӯ.
Вале Иброҳими Ҳусайнӣ мегӯяд, ин намоишгоҳ барои ӯ таҷрибае хоҳад буд, ки бо мардуми Тоҷикистон ошно шавад.
“Аҳамияти намоиш ин дӯстии мутақобил аст. Билохира Тоҷикистон ватани дуюмамон аст. Бояд дар таомул бошем, бештар ҳамдигарро бишносем. Билохира иртиботи байни донишҷӯён, пажӯҳишгарон дошта бошем, ба назар ин таомули фарҳангӣ хуб аст”, – гуфт ӯ.
Ба назари ӯ дар ҷашнвора табодули маҳсулот, фикр, фарҳанг сурат мегирад.
“Бубинем, ки инҳо чӣ зеҳнияте роҷиби мо доранд, мо роҷиби шумо чӣ зеҳнияте дорем, кӯмак мекунад”, – зикр кард Иброҳими Ҳусайнӣ.
Маҳдии Наҳвӣ, тоҷири эронӣ, ки як сол инҷониб дар Тоҷикистон аст, онро кишвари дуюми худ хонд.
Ӯ гуфт, “инҷо кишвари дуюми ман аст. Ҳеҷ фарқе бо Эрон барои ман надорад. Ман воқеан ҳам тоҷикҳоро дӯст дорам, чун бародарем, ҳам забонем”.
“Сафари аввалинам ба Тоҷикистон аст. Интизориҳои ман ин ошноӣ, дӯстӣ аст. Билохира мардуми шумо форсизабон ҳастанд, одамҳои хубу меҳрубон ҳастанд, фаҳангашонро дӯст медорам ва ҳамин содагиву меҳрубонияшонро дӯст доштам. Вале агар овардани молу маҳсулоти аз Эрон ба кишвари шумо содатар карда шавад, бештар омаду рафт дошта бошем хуб аст”, – таъкид кард Иброҳими Ҳусайнӣ.
Идибек Саид, Your.tj
