Фахриддин Ҳакимов, овозхони ҷавони тоҷик, ки айни замон дар озмуни “Х-Фактор”- и Белорусия ширкат дорад, боз як давраи дигарро паси сар намуда, ба ғолибият наздик шуд.
Дар даври навбатии озмун, ки рӯзи 20-уми ноябр баргузор шуд, Фахриддин бо гирифтани шумораи кофии овози тамошобинон ба даври дигарии озмун роҳхат гирифт.
Фахриддин дар як суҳбати кӯтоҳ бо Your.tj аз қоидаҳои озмун ва омодагиаш ба даври навбатӣ суҳбат кард.
“Барои ғолибият то охир мубориза мебарам”
“Дар ҳар даври оянда, ду нафар иштирокчӣ аз ҳаққи идомаи озмун маҳрум мешавад. Аз 14 нафар иштирокчӣ, акнун мо 12 нафар мондем. Дар Суперфинал, ки рӯзи 25–уми декабр баргузор мешавад, се нафар барои ғолибият мубориза хоҳанд бурд”, – гуфт Фахриддин Ҳакимов дар суҳбат бо мо.
Дар даври навбатӣ, ки рӯзи 27-уми декабр баргузор мешавад, Фахриддин суруди “ишқ”-ро бо забони испанӣ иҷро мекунад.
Ӯ айни замон ба тамрини ҷиддии суруд машғул аст ва умед дорад, ки боз ба даври навбатии озмун бо дастгирии тамошобинон роҳхат мегирад.
“Суруд ва услуби пешниҳоди онро продюсер ва мураббӣ муайян мекунад. Баъзан вақт ту наметавонӣ чизи дилат мехостаро иҷро кунӣ. Рӯз то рӯз ҳаяҷон бештар ва ба даври дигари озмун роҳ ёфтан, душвор шуда истодааст. Боз як қадами дигар ба сӯйи ғолибият гузоштем ва орзу мекунем, ки яке аз се иштирокчии суперфинал мегардем, – мегӯяд Фахриддин.
– Мутаассифона дар озмун метавонанд танҳо шахсоне овоз диҳанд, ки дар қаламрави Белорус ҳастанд. Агар дар овоздиҳӣ Русия ва Тоҷикистон низ ширкат мекарданд, бешубҳа ҷойи аввалро мегирифтам, аммо руҳафтода намешавам ва барои ғолибият то охир мубориза мебарам”.
Фахриддин Ҳакимов, варзишгар ва овозхони тоҷик ягона иштирокчии тоҷикистонӣ дар озмуни “Х-Фактор”-и Белорусия мебошад. Ӯ бо ҳанарнамоиҳои худ ҳакамон ва тамошобинонро тасхир намудааст.
Фахриддин дар озмуни мазкур таҳти роҳнамоии мураббӣ Сергей Пархоменко, маъруф бо лақаби Серёга ҳунарнамоӣ дорад.
Варзишгар – овозхон
Қаблан, дар даври аввали озмун Фахриддин Ҳакимов бо иҷрои суруди “Рақс болои шиша” ё худ “Танцы на стеклах” – и ҳунарманди маъруфи рус Максим Фадеев қалби мухлисон ва ҳакамонро тасхир карда буд.
Он замон яке аз доварон Олга Бузова гуфта буд, ки таасуроташро наметавонад бо сухан баён кунад. Серёга, ки ҳоло мурабии Фахриддин мебошад гуфта буд: “Иҷрои суруд хеле ҳаяҷонбахш буд, Ҳакимов ҳатто аз Фадеев ин сурудро беҳтар хонд”.
Ин аввалин баромади Фахриддин Ҳакимов дар саҳнаи калон набуда, ӯ чанд сол қабл бо иштирокаш дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.
«Ман тасмим гирифтам, ки тамоми қувваи худро ба мусиқӣ сарф кунам. Мехоҳам ҳунарманди маъруф шавам, то маро дар ҳама ҷо шунаванд. Мардум дар бораи тоҷикон чунин тасаввуроте доранд, ки онҳо танҳо сохтмонро медонанд, аммо ман имрӯз мехоҳам бо ҳунарнамоии худ исбот кунам, ки мо метавонем кишвари худро дар саҳнаҳои гуногуни мусиқӣ ва саҳнаҳои калон ба таври кофӣ муаррифӣ намоем”, – гуфта буд Фахриддин дар озмуни “Ну-ка, все вместе” дар шабакаи телевизионии “Россия-1”.
Фахриддин зодаи Истаравшан мебошад. Мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм карда, сипас ба Русия, ба шаҳри Иркутск рафт. Аз хурдӣ ӯ ба варзиш машғул буд: аввал, футбол ва сипас гуштии юнониву румӣ. Дар Русия ӯ Иркутскро дар мусобиқаҳои умумироссиягӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекард.