Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Euronews: Ҳавопаймои Озарбойҷон, ки дар наздикии Оқтау суқут кард, бо мушаки Русия сарнагун шудааст
Дата публикации: 16:5327.12.2024
Тибқи маълумоти пешакӣ ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines” бо мушаки Русия дар Грозний мавриди ҳадаф қарор гирифтааст, ки боиси суқути он дар Оқтау шудааст, хабар медиҳад Euronews.
Аз ҳукумати Озарбойҷон ин маълумотро ба Euronews тасдиқ кардаанд.
Ба гуфтаи манобеи ҳукуматӣ, мушак ҳангоми парвози ҳавопаймои бесарнишин дар болои Грозний партоб шуда, пораҳои он ба мусофирон ва аъзои экипаж бархӯрдааст.
Ин маъбаъҳо афзудаанд, ки ба ҳавопаймои харобшуда сарфи назар аз дархости халабонҳо барои фуруди изтирорӣ ба фурудгоҳҳои Русия иҷоза надодаанд ва тибқи дастур ҳавопаймо ба самти Оқтауи Қазоқистон парвоз кард.
Ҳавопаймои ширкати Озарбойҷон (AZAL), ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, рӯзи 25-уми декабр дар ғарби Қазоқистон суқут кард. Дар ҳавопаймо 67 нафар қарор доштанд, ки 38 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
22 часов назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
4 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
7 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
7 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад