Беҳрӯз Ҳафизов, муассиси курсҳои онлайнии забони англисӣ – English24, ҳамзамон донандаи ин забон аст, ки таҷрибаи қариб 12-солаи корӣ дар ин самт дорад.
Беҳрӯз, инчунин дар Инстаграм саҳифаи худро бо номи beha_en пеш мебарад, ки ҳоло 282 ҳазор пайгир дорад ва тариқи наворҳои ҷолиб ба мардум роҳҳои шавқангези омӯзиши забони англисиро пешниҳод мекунад. Ӯ соли 2023 соҳиби ҷоизаи “Блогери сол” ва имсол дар як озмун ба қатори “100 чеҳраи муваффақи сол” дар Тоҷикистон шомил гардидааст.
Блогер ва забондони ҷавон дар суҳбат ба муаллифи Your.tj дар бораи фаъолияти English24, тарзи ҷолиби пешниҳоди дарсҳо дар он ва бартариятҳои омӯзиши онлайнӣ гуфт.
Аз таҳсил дар мактаб то муаллими забони англисӣ дар шаҳр
Беҳрӯз Ҳафизов мактаби миёнаи рақами 70-и пойтахтро соли 2011 хатм карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси равоншиноси иҷтимоӣ дохил шуд. Дар оғози давраи донишҷӯӣ дар Маркази тадқиқотии “Зеркало” ба кор оғоз мекард.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, то замони донишҷӯ шудан англисиро намедонист ва танҳо дар соли дуюми таҳсил онро худомӯзӣ кард.
“То ин ҷо омадани мо ҳам мушкил буд. Замоне, ки дар курси 2-юм таҳсил мекардам, соли 2012 забони англисиро дар давоми 4 моҳ худомӯзӣ кардам. Ба таври интенсивӣ, дар як рӯз то 8 соат машғул мешудам.
Зиндагӣ каме мушкил буд, бовар мекардам, ки забонро омӯхта як роҳи хубе пайдо мекунам ва ҳамин тавр ҳам шуд”,- ба хотир овард Беҳрӯз.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷавон бо шавқу заҳмати зиёд забони англисиро бо тамоми қоидаҳояш азхуд кард ва акнун барои таҷриба ва ҳам ба даст овардани даромад ҷойе лозим буд.
“Ба як маркази забономӯзӣ ба кор даромадам. Чанд вақт ҳамин хел шуд, ки ба кор сахт дода шудам ва ба худ сарбории зиёд мекардам. Баъд муддате аз баҳри ҳамааш гузаштам ва ба омӯзишҳо оғоз кардам. Курсҳои гуногуни маркетингу HR ва малакаҳои тиҷорат гирифтам, чизҳои нав омӯхтам”,- нақл кард ӯ.
Беҳрӯз мегӯяд, даромад ба даст овардан хуб аст, аммо ба рушди шахсӣ низ бояд аҳамият дод. Ӯ афзуд, баъди аз кори муаллимӣ берун шудан даромадаш кам шуд, вале таҷрибаву малакаҳои нав омӯхт, ки дар кори имрӯзааш кӯмак мерасонанд.
Чаро муваффақ намешавем?
Ҳамсуҳбати мо аз тарзи истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон интиқод карда, гуфт, ки ин боиси номуваффақии ҷавонони мо мегардад.
“Бачаҳои мо бисёр вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ нодуруст истифода мебаранд. Масалан, ман блогерам, аммо вақте аз ман баъзе чизҳоро мепурсанд, ҳайрон мешавам.
Баъд мегӯянд, ки “ту дар интернет нестӣ?” Охир ҳар як чиз фарҳанги истифода дорад. Вақте нодуруст истифода бурдӣ, зарар мерасонад”,- таъкид кард Беҳрӯз.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
COVID-19 ва идеяи English24
Блогери забондон аз таърихи бисёр ҷолиби пайдоиши курсҳои онлайнии забони англисӣ – English24 ба мо нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, идеяи таъсиси чунин курсҳо ба ӯ дар замони пандемияи COVID-19 пайдо шуд.
Ҳамааш аз буҳроне оғоз шуд, ки Беҳрӯз ва ҳамкоронаш дар ин давраи мушкил бо он дучор омаданд. Дар Душанбе ду маркази забономӯзӣ доштанд, ки таъмири яке аз онҳо нав ба охир расида буд. Барои ин маркази муосир маблағи калоне сарф намуда буданд.
“Вақте пандемия оғоз шуд, мо маҷбур шудем ҳарду марказро бубандем. Маркази якум аз соли 2017 фаъолият мекард, дуюмашро моҳи апрели соли 2020 кушода будем. Пас аз 4 рӯзи ифтитоҳи ин марказ – рӯзи 24 апрел дар Тоҷикистон карантин эълон шуд”,- ба ёд овард Беҳрӯз.
Марказҳо то моҳи июл фаъолият накарданд. Дар ин давра бисёр калонсолон, аз ҷумла наздикони ҳамкорони Беҳрӯз бемориро вазнин аз сар гузарониданд, баъзеҳо аз ҳаёт рафтанд.
“Мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Гарчанде маош дода ҳам наметавонистем, бо маводи хӯрокворӣ каме бошад ҳам кӯмак расонидем.
Ҳамон вақт андеша кардам, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард. Баъд ба сабти дарсҳои видеоӣ сар кардам. Сар карда аз грамматикаву тестҳои санҷишӣ ва калимаҳои зарурӣ то техникаи гапзанӣ ва истифодаи дурусти онҳо ҳамаашро сабт кардам. Ин хеле вақти зиёд гирифт”,- ба ёд овард ӯ.
Дарси онлайниро худаш бо истифода аз донишу таҷрибае, ки дошт, оғоз кард. Ҳамин тавр, аз паси такмили ин идея шуд.
Яке аз аввалин курсҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон
Реҷаи дарсҳои онлайниро низ тартиб дод ва вақте бори аввал онро муаррифӣ кард, бисёриҳо писандиданд. Худи ҳамон вақт аллакай 27 нафар ба дарсҳои онлайнӣ ҷалб шуданд.
“Вақте дарси маро дар берун аз Тоҷикистон маъқул карда, хариданд ва аввалин ҳаққи дарси онлайниро пардохт карданд, руҳбаланд шудам ва ҷидду ҷаҳдам бештар гардид.
Ман шуруъ кардам ба пуррасозии камбудиҳо, автоматизатсиякунонӣ, сохтани тими боқувват, тартибу низом ва методҳои таъсирноки дарсдиҳӣ ва ғайра. Ҳамин тавр, батадриҷ курсҳои мо ташаккул ёфтанд, тими мо пурқувват шуд”,- нақл кард бо эҳсос Беҳрӯз.
Ӯ мегӯяд, ин аз аввалин курсҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон буд. Чун барои таъсиси курсҳои онлайнӣ платформаи муайян лозим аст, бисёриҳо намекунанд. Тими ӯ курсҳои онлайниро дар асоси платформа накард.
“Барои он ки мардум ҳоло барои истифодаи он тайёр нест. Одамон чизҳои осонро дӯст медоранд, мехоҳанд ба як пахш кардан дарсро дастрас намоянд. Дар платформа бошад, кушодани саҳифа, рамзгузорӣ, ҷустуҷӯи дарсҳо ва ғайра каме вақт мегирад”,- сабабашро шарҳ дод ҷавони навовар.
Дарсҳои онлайнии English24-ро дар Телеграм ташкил карданд. Ба гуфтаи Беҳрӯз, он хеле мувофиқ аст, чун ин барнома функсияҳои лозима – тест, пурсиш, навор, ҳамаашро дорад.
Бо вуҷуди ин платформаи English24-ро ҳам сохтанд, вале қаҳрамони мо мегӯяд, онро дар оянда танҳо барои ном ба кор меандозад.
Ҳоло зиёда аз 3 ҳазор нафар аз тамоми гӯшаю канори дунё аз хизматрасониҳои English24 истифода мебаранд. Чун Беҳрӯзро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хуб мешиносанд, ба ӯ бовар мекунанд.
English24 – сарфаи вақт ва нерӯ
Дарсҳои онлайнии English24 ҳоло бо низоми худ ҷараён доранд, дар аввал чанд мушкили техникӣ дошт, ки онро бартараф намуданд.
“Пештар вақте курсҳои моро мехариданд, буданд нафароне, ки аз идома даст мекашиданд. Ҳоло чунин ҳолат нест.
Мо оҳиста-оҳиста арзиши дарси онлайниро дар бозори Тоҷикистон баланд бардошта истодаем. Бисёр мехоҳам ин бозорро бачаҳои дигар низ пурра кунанд. Чун мардум низ ҳоло ба дарсҳои онлайнӣ одат карда истодаанд”,- изҳори умед кард ҳамсуҳбати мо.
Беҳрӯз аз таҷриба ва мушоҳидаҳояш гуфт, ки замоне дарсҳои ҳузурӣ медод, дар мардум як проблемаро медид – проблемаи вақт. Ба гуфтаи ӯ, одамон бо шавқу ҳавас ду-се маротиба ё як моҳ ба дарс меомаданд ва бо сабабҳои мушкили рӯзгор, кор, зиндагӣ дарсро мепартофтанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Дарсҳои онлайнӣ бисёр мувофиқ ва қулай аст. Аз корат намемонӣ, ҳар рӯз баъди даводави зиёд бо табъи хаставу дили нохоҳам ва мушкили роҳу нақлиёт ба маркази забономӯзӣ намешитобӣ. Муҳим завқ, хоҳиш, техника ва интернети хуб дошта бошӣ бас.
Одамон ба мо аксҳои худро аз ҳар гӯшаи дунё равон мекунанд, ки чӣ тавр яке дар сари чанбарак, дигаре вақти кор, сеюмӣ ҳангоми варзиш аз курсҳои онлайнии мо англисӣ меомӯзад”,- нақл кард бо рӯҳбаландӣ Беҳрӯз.
English24 чӣ гуна кор мекунад?
Ҳоло 6 нафар мутахассис кори English24-ро пеш мебаранд. Ба гуфтаи Беҳрӯз, дар Тоҷикистон мушкилии асосӣ камбуди кадрҳо аст. Ҳамаи ин кормандонро худаш омода кардааст.
Дарсҳо дар Телеграм ба таври автоматӣ мегузаранд ва дар он қариб ки иштироки муаллим зарур нест.
Видеоҳои дарсҳо, калимаҳои нав барои ҳар дарс ва тесту санҷишҳоро тартиб дода шудаанд, ки ҳар кас мустақилона онҳоро азхуд мекунад. Агар савол ё нофаҳмие пайдо шавад, ба мутахассисон ва кураторон муроҷиат мекунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
English24 дар се сатҳ сохта шудааст, ки ба ҳар як хонанда имкон медиҳад, ки формати муносибро барои худ пайдо кунад:
- Шуруъ – барои онҳое, ки алифбо, асосҳои талаффуз ва рақамҳоро медонанд, аммо танҳо оғоз мекунанд, ки забонро аз худ кунанд.
- Идома – барои онҳое, ки аллакай дониши ибтидоӣ доранд ва мехоҳанд онро васеъ кунанд.
- Мукаммал – дарсҳои пурра бо забони англисӣ, ки ба даст овардани сатҳи баланди забондонӣ равона шудаанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ҳар як шогирди English24 аз аввал бо куратори шахсӣ ҳамкорӣ мекунад. Куратор ба хонанда дар фаҳмидани маводҳои таълимӣ, санҷиши супоришҳо, посух додан ба саволҳо ва дастгирӣ кардан дар давоми тамоми курс кӯмак мекунад”,- шарҳ дод Беҳрӯз Ҳафизов.
Ба гуфтаи ӯ, ин равиши инфиродӣ самаранокии баланди омӯзишро таъмин намуда, ба шогирдон барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас мусоидат мекунад.
Ҳар як сатҳ 4 моҳ давом мекунад ва равиши мукаммали таълимиро дар бар мегирад. English24 дар ҳар сатҳ 24 дарс пешниҳод мекунад.
Усулҳои нави забономӯзӣ дар English24
Формати видео ба фаҳмидани грамматика кӯмак мерасонанд, аудио малакаҳои шунавоӣ, талаффуз ва луғатро инкишоф медиҳанд, амалӣ ва тестҳо дониши назариявиро мустаҳкам карда, раванди омӯзишро самаранок месозанд.
Ҳамчунин, пахшҳои онлайнӣ низ ҳастанд, ки ин имкон медиҳад, забономӯзон суханронии худро машқ карда, бо забони англисӣ дар мавзӯъҳои гуногун муошират кунанд.
Ба гуфтаи Беҳрӯз, забономӯзон метавонанд ба мавзӯъҳои гузашта тавассути сабтҳо бозгарданд.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, кураторҳои English24 мутахассисон бо таҷрибаи беш аз 5 сола мебошанд. Онҳо тестҳоро месанҷанд, ба фаҳмидани маводҳо кӯмак мерасонанд ва мунтазам пахшҳои онлайн мегузаронанд, то малакаҳои шунавоӣ ва сухангӯии шогирдонро беҳтар намоянд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
English24 омӯзишро дар се формат – тоҷикӣ-англисӣ, русӣ-англисӣ ва англисӣ-англисӣ (барои сатҳи олӣ) пешниҳод мекунад.
Беҳрӯз мегӯяд, ин курсҳо барои донишҷӯён, соҳибкорон, муҳоҷирон, кормандони ширкатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, бонкҳо, сайёҳӣ, роҳбарон ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқанд.
Баъд аз анҷоми курс шогирдон сертификат мегиранд, ки сатҳи донишҳои онҳоро тасдиқ мекунад.
Беҳрӯз Ҳафизов таъкид кард, ки дар замони муосир бояд ҳамқадами замон буд ва ҳадафҳоро дар амал бояд татбиқ намуд.
“Бояд мо дар худ навигарие кунем. Фақат бо шиорпартоиву нақшакашӣ кор пеш намеравад. Бояд аз болои худ кор кунем, навгонӣ ба вуҷуд орем”,- хулоса кард ӯ.
Шодмон Кенҷаев, Your.tj