Прокурори генералии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар робита ба кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом чанд нафари дигар дар кофтуков қарор доранд. Ӯ гуфт, ҳадафи бештари ин кушторҳо дуздӣ ва ғорати амвол будааст.
Аммо шумораи гумонбарони дар ҷустуҷӯбударо ошкор накард ва танҳо гуфт, “дар ин ҷо кушторҳои зиёд шуданд ва шахсони зери гумон зиёданд”.

Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал инчунин қайд намуд, ки шахсияти гумонбарони дар кофтуковбуда ҳоло дақиқ нест. Вале ӯ гуфт, ҳар яки онҳо дастгир шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Гуфта шуд, оид ба ин масъала ситоди тафтишотӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон ташкил шуда, гурӯҳҳои тафтишотӣ то ҳол кор карда истодаанд.
Дирӯз, 13 феврал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ низ гуфт, “чанд нафар ҳамчун гумонбар дастгир шуда, чанд нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.
Прокурори генералӣ гуфт, қаблан ин ниҳод аз дастгир гардидани 3 нафар гумонбар аз рӯи ин ҳодиса хабар дода буд. Вале дар иттилои Прокуратураи генералӣ рӯзи 21 декабри соли 2024 аз боздошти 4 нафар хабар дода шудааст.
Воҳидзода афзуд, ҳоло тафтишот барои пайдо кардани далелҳо ва исбот намудани “гунаҳгории ин нафарон дар ҷинояти мазкур ва ҷиноятҳои дигари содиркардаи ин гурӯҳ идома дорад”.
“Аз сабаби он ки дар силсилакушторҳои Конибодом аъзоёни оила, ҳатто ноболиғон ва кӯдакони хурдсолро ба қатл расониданд, диққати ҷомеа ба ин равона шуд, ташвиши худи сокинони Конибдомро ба вуҷуд овард, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бетараф набуданд”,- афзуд Ҳабибулло Воҳидзода.
Қариб ду моҳ пеш, 21 декабри соли 2024 Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз дастгир шудани 4 нафар бо гумони даст доштан дар кушторҳои пайдарпай дар Конибодом хабар дод.
Ин ниҳод гуфт, ҷиноят “кушода шуд” ва бар зидди боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом ҳастанд.
Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он дар охири моҳи март оғоз ёфт. Дар давоми 8 моҳ, тибқи иттилои расонаҳо, ҳадди аққал аъзоёни ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.
Хроникаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро дар ин ҷо хонед