logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дуздӣ бо истифода аз сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷайҳун

Як сокини ноҳия дар вақти содир намудани ҷиноят дастгир шудааст, ки мехост ашёи аз оташ эминмондаро бидуздад. Ӯро ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Your tj

14:5103.07.2024

Дуздӣ бо истифода аз сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷайҳун

Кормандони милитсия дар сӯхтори шаби 1 ба 2 июл дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) сокини 41-солаи шаҳраки Дӯстии ҳамин ноҳияро дастгир кардаанд, ки мехост ашёи аз оташ эминмондаро бидуздад.

Шаҳрванд К.А. тақрибан соати 4 саҳар аз ҷониби кормандони милитсия дар вақти содир намудани ҷинояти дуздӣ дар мавзеъҳои аз сӯхтор зарардида дастгир карда шуд, менависад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Дақиқан гуфта намешавад, ки номбурда айнан чиро дуздидан мехост, вале дар саҳифаи фейсбуки Раёсат якҷо бо акси гумонбар сурати ашёи ороишоти тиллоӣ нашр шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур тибқи талаботи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, дастгиршуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Мувофиқи ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи молу мулк муқаррар шудааст.

Дастгиршуда оиладор ва соҳиби 5 фарзанд буда, феълан назари ӯ ва пайвандонаш дастрас нест.

Бозори ноҳияи Ҷайҳун шаби 1-уми июл, соати 22:47 ба коми оташ рафт. Тибқи иттилои ВКД сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, тибқи санҷиши пешакӣ сабаби сӯхтор аз расиши ноқилҳои барқӣ будааст ва дар натиҷаи ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

19 часов назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

19 часов назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

1 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

4 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ