logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Душанбе нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро кард

Даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад.

Your tj

11:1610.04.2025

Душанбе нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро кард

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбиро пурра иҷро намудааст. Дар ин бора нашрияи "Паёми Душанбе" хабар дод.

Қаблан, аз иҷрои садфоизаи нақша Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хабар дода буданд.

Дар вилояти Суғд рӯзи 4-уми апрел гурӯҳи аввали даъватшавандагон иборат аз 1700 нафар ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят “ихтиёран барои адои хизмат” худро комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис кардаанд.

Даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад.

Фармони даъвати баҳориро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19-уми феврал имзо карда буд.

Ба хизмати ҳарбӣ ҷавонписароне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтаре, ки ҳаққи мавқуфгузорӣ ё озод шудан аз хизматро надоранд (солҳои таваллуди 1998–2007) ҷалб мешаванд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ