Давоми 45 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 47 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷро нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар умум то имрӯз 90 фоизи нақша иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тавр, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 фоиз иҷро намудаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондод ба 88 фоиз баробар буда, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъват сарбозон гузориш додаанд.
Вилояти Суғд бошад, 67 фоизи нақшаро иҷро кардааст ва то имрӯз танҳо шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстон иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ даъвати шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад. Аз якуми апрел даъвати ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006 оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.