Душанбе муваққатан бе оби нӯшокӣ мемонад

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз


Ба Тоҷикистон чӣ миқдор пул овардану бурдан мумкин аст?

Пас аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 91 ҳазор доллар ва беш аз 15 ҳазор евро дар фурудгоҳи Кишинёв, чанде аз корбарон пурсидаанд, ки ҳангоми сафар бо худ чӣ қадар пул бигиранд, то ба дарди сар науфтанд.

Муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, “ҳар кишвар талаботи худро дорад ва ягона роҳи ҳифзи пули нақд аз мусодира иҷрои тақозои давлати мизбон аст”.

Мақомоти Кишинёв гуфтанд, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябри имсол кӯшиш кардааст, маблағи зиёдро бе эъломия ба Истанбул барад. Аз ӯ ном набурданд. Баъзе аз расонаҳо ӯро зани 51-сола тавсиф кардаанд.

Вақтҳои охир чунин мавридҳо зиёданд ва асосан муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан бо пули беш аз меъёр ё эълоннашуда дастгир мешаванд.

Бо оғози таҷовузи Маскав ба хоки Украина, Бонки марказии Русия барои шахсоне, ки ҳаққи зисти доимӣ надоранд, ирсоли пулро ба воситаи бонкҳо ё хадамоти интиқоли маблағ “ба андозаи як маош” маҳдуд кардааст.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бинобар ин маҷбуранд, ҳангоми бозгашт ба ватан бо худ пули нақд бибаранд.

Ҳар нафаре, ки аз Русия берун мешавад, ҳақ дорад, то 3 ҳазор долларро бе эъломия ё “декларатсия” ба хориҷ барорад. Вақте маблағ то даҳ ҳазор долларро ташкил медиҳад, нишон додани санаде дар бораи сарчашмаи пул лозим аст.

Бонки марказии Русия то моҳи марти соли 2023 барои шахсони воқеӣ, ҳам резидентҳо ва ҳам ғайрирезидентҳо, баровардани беш аз даҳ ҳазор долларро манъ кардааст.

Ба қавли ҳуқуқшиносон, ҳар касе ин қонуни Русияро вайрон мекунад, бо ҷарима, ҷазои маъмурӣ ё ду сол ҳабс муҷозот мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар овардани пул ба Тоҷикистон ҳеч маҳдудияте нест, вале ҳангоми баровардани маблағи зиёд бояд чанд шарт риоя шавад.

Муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Шерализода, дар номае ба пурсишҳои Радиои Озодӣ навишт, “баровардани то 3 ҳазор доллар мамониат надорад. Декларатсия ё эъломия зарур нест. Баровардани аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар бо эъломия ва бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаи ин сарват зарур аст.”

Ба иттилои муовини раиси Хадамоти гумрук, баровардани зиёда аз 10 ҳазор доллар бо эъломия ва ё декларатсия ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаи ин сарват зарур аст.

Душанбе муваққатан бе оби нӯшокӣ мемонад

Дар Душанбе ҳафтаи меомада 2 шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, корхонаи “Обу корези Душанбе” бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии “Худҷореъ”, “Кофарниҳон”, “Фишорӣ” ва “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” аз соати 23:00-и 12-уми октябр то соати 24:00-и 13-уми октябр ва аз соати 23:00-и 19-уми октябр то соати 24:00-и 20-уми октябр интиқоли оби нӯшокиро қатъ мекунад.

Дар рӯзҳои 13 ва 14-ум маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ ва ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи И.Сомонӣ беоб хоҳанд буд.

Инчунин, интиқоли оби нӯшокии маҳаллаҳои  10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино ва кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.

Ҳамин тавр, бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии “Кофарниҳон” аз 19 то 20-уми октябр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини  ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД  «Роҳи оҳан» то бинои КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Директори корхонаи “Обу корези Душанбе” муваззаф гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии корхонаи “Обу корези Душанбе” бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маҳдудияти интиқоли оби нӯшокӣ дар дигар маҳаллаҳо то 3 ноябр идома меёбад.

Гусели беш аз 1 ҳазор ҷавон ба артиш дар вилояти Суғд

Имрӯз, 6-уми октябр, дар як маросими тантанавӣ зиёда аз 1 ҳазор даъватшавандаро аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои адои хизмат ба сафи артиши кишвар гусел карданд.

Дар ин бора Музаффар Юсуфзода, котиби матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин маросим Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, муовини вазири мудофиа ва беш аз ду ҳазор падару модар ва пайвандони даъватшавандагон ширкат кардаанд.

Юсуфзода афзуд, ки дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлол” барои беш аз 3 ҳазор нафар оши палов пухтаанд ва наваскарон дар як фазои идона ба артиш рафтанд.