Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:5102.05.2023
Сомонаи дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷро шудани 63 %-и нақшаи даъват дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Гусели сарбозон дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар моҳи гузашта 100 фоиз иҷро шудааст.
Ҳамчунин ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш додаанд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба наздики 70 фоиз баробар мебошад.
Дар вилояти Хатлон бошад, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар ин вилоят дар умум наздик ба 60 фоизи нақша иҷро шудааст.
Вале дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ то имрӯз ҳамагӣ 45 фоиз иҷро гардидааст.
Вазорат сабаби асосии пеш аз муҳлат тамом кардани нақша дар баъзе шаҳру навоҳиро шароити хуби хизмат ва зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст дар чунин минтақаҳо хондааст.
Ин дар ҳолест, ки 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби сарбозон паҳн шуда, хашми зиёди корбаронро ба миён овард. Шаҳрвандон аз мақомот боздошт ва ҷазои сазовори гунаҳкоронро талаб карданд.
Шаби ҳамон рӯз Прокуратураи генералӣ аз боздошти панҷ сарбоз ва рӯзи дигараш аз дастгир шудани як подполковник хабар дод. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома мекунад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад