Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ шуд
Ҳунарманди саршиноси кишвар Ҳошим Гадо ба коронавирус мубтало шуда, дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардидааст.
Худи Ҳошим Гадо дар мусоҳиба бо хабаргузории “Азия-Плюс” бистарӣ шуданашро тасдиқ намуда гуфт, ки “худро чандон хуб ҳис намекунад”.
Аммо манбаъ мегӯяд, ки рӯзҳои ахир вазъи Ҳошим Гадо беҳтар шуда, вай ба зудӣ аз бемористон рухсат мешавад.
Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақш ва дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои “Тоҷикфилм”, “Узбекфилм”, “Озарбойҷонфилм”, “Беларусфилм” нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.
Ба раиси собиқи Кӯлоб 14 соли зиндон таҳдид мекунад
Додситонии минтақаи Кӯлоб аз додгоҳ хостааст, Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад. Изатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мурофиа рӯзи 12-уми ноябр баргузор шуд.
Ҳамчунин додситон ба Хурсанд Хуррамов, ронандаи собиқи раиси Кӯлоб 9 сол ва ба Фирӯз Қурбонов, ёрдамчии ӯ 5 соли зиндон талаб кардааст.
Баҳром Иноятзода, ки моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони КДАМ боздошт шуд, бар асоси моддаҳои суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора дар ҳаҷми бузург, аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда, қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, гумонбар аст.
Манбаъ гуфтааст, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтааст ва қарори ниҳоиро ҳафтаҳои оянда содир хоҳад кард.
Духтари тоҷик зеботарин бону байни муҳоҷирон дар Русия гардид
Федератсияи муҳоҷирони Русия натиҷаҳои ниҳоии озмуни зебоии “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия”-ро ҷамъбаст кард.
Узви ҳакамон намояндаи Тоҷикистон Фотима Қаландароваро зеботарин зан байни муҳоҷирон эътироф карданд, хабар доданд ташкилкунандагони озмун ба Sputnik Тоҷикистон.
Фотима Қаландарова дар Русия таваллуд шудааст, аммо дар худ ҳувияти тоҷиконаашро нигоҳ доштааст.
“Бо камоли хушнудӣ фарҳанги бузурги ватанамро намоиш медиҳам”, – гуфтааст Фотима ҳангоми иштирок дар озмун.
Ҷои дувумро дар “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия” намояндаи ҷумҳурии Тиваи Русия, Диана Бадирги гирифтааст.
Фавти 1 нафар аз коронавирус дар кишвар
Ба ҳолати шоми 13-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 1 нафар аз бемории коронавирус фавтид, ки шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ба 85 нафар расид. 38 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 41 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11534 нафар расид. Шумори шифоёфтагон дар кишвар ба 10894 нафар баробар шуд.