Масъалаи омӯзиш ва ҳифзи табиат, захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим сол аз сол таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамояд. Ин тақозо мекунал, ки талабот ба мутахассисони соҳа бештар гардида, имкониятҳои нави касбӣ барои ҷавонон беҳтар фароҳам шавад.
Муминахон Абдулвоҳидзода яке аз он ҷавондухтаронест, ки дар ин ришта таҳсил мекунад ва ба ояндаи дурахшони касбии худ дар самти илми идоракунии захираҳои обӣ чашмдор аст. Ин донишҷӯдухтари тоҷик ҳоло дар донишгоҳи бонуфузи Оксфорд, дар зинаи магистрӣ таҳсил мекунад.
Муминахон пиромуни роҳи тайкардаи худ, имкониятҳои ин соҳа барои ҷавонон ва талаботу ниёзҳои ин самт ба муаллифи Your.tj қисса кард.
Аз илми идоракунии захираҳои обӣ то Донишгоҳи Оксфорд
Муминахон ҳанӯз аз кӯдакӣ ба омӯзиши гуногунии биологӣ (ҳайвонот, растаниҳо ва табиат) мароқи зиёд дошт ва бо гузашти замон ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ пайдо кард.
Баъди хатми мактаб дар бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ (AUCA) таҳсил намуд. Сипас, барои таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаи тозакунии об, санитария ва гигиена (WASH) ҷалб шуд ва роҳи касбии ӯ дар соҳаи об аз ин идора оғоз гардид.
“Яке аз лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти ман иштирок ва суханронӣ дар Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 2023 буд. Ман дар бораи аҳамияти иштироки ҷавонон дар соҳаи об, санитария ва гигиена суханронӣ доштам ва ин бароям таҷрибаи беназир буд”, – ёд меорад Муминахон.
Ба нақли мусоҳиби мо, яке аз омилҳои такондиҳанда барои интихоби ин ришта сафари ӯ ба Баҳри Арал будааст.
“Мо (ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ) як ҳафта дар Баҳри Арал будем. Шояд чунин таҷриба як маротиба дар зиндагӣ даст диҳад. Тамоми паёмадҳое, ки хушкшавии баҳри Арал барои табиати минтақа ва аҳолӣ эҷод мекунад, моро водор месозад, ки фикри ояндаро кунем. Ин таҷриба бори дигар собит кард, ки инихоби ман дуруст аст”, – шарҳ дод мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаҳои амалӣ барои дарки муҳимияти доштани таҳсилот дар ин соҳа ангезаи бузурге шуданд. Аз ин рӯ ба чанд донишгоҳ, аз ҷумла Оксфорд ҳуҷҷат супорид ва соли 2024 ба ӯ имкон даст дод, ки донишҷӯи ин боргоҳи илм гардад.
“Ҳама касбҳои “анъанавӣ” дар соҳаи об татбиқ мешаванд, аммо…”
Ин соҳа яке аз тахассусҳоест, ки бо вуҷуди мавҷуд будани эҳтиёҷ ба мутахассис, кам ҷавонон ба он таваҷҷуҳ мекунанд.
“Дар асл, қариб ҳамаи касбҳои анъанавӣ дар соҳаи об татбиқ мешаванд. Чуноне барои идора кардани захираҳои об муҳандисон, барои таҳияи қонунгузорӣ дар ин соҳа ҳуқуқшиносон лозиманд. Биологҳо бошанд, дар омӯзиши микроорганизмҳо ва сифати об нақши калидиро мебозанд.
Ягона ҷиҳати фарқкунандаи мутахассисони ин соҳа аз дигарон дар зарурати омухтани касби худ аз зовияи захираҳои обӣ мебошад”, – таъкид мекунад ӯ.
Мусоҳиби мо боварии комил дорад, ки ба мутахассисони ин самт, чун гидрологҳо, метеорологҳо, экологҳо ҳамеша ниёз мавҷуд аст.
Ба андешаи ӯ, сабаби “камхаридор” будани ин ихтисосҳо ва афзалият надоштани ин касбҳо дар интихоби ҷавонон нисбатан кам оммавӣ шудани онҳо мебошад. Ба гуфтаи Муминахон, дар бораи муҳимият ва эҳтиёҷи соҳа тақрибан гуфта намешавад.
“Ба андешаи ман, ҳатто барои одамоне, ки дар соҳаҳои дигар кор мекунанд, фаҳмидани асосҳои гидрология, геология ва экология муфид аст, зеро ин ҷаҳонбиниро васеъ мекунад ва кӯмак менамояд, ки ба ҳалли мушкилот бо назари дигар нигоҳ кунанд”,- афзуд қаҳрамони мо.
Чанд тавсияи Муминахон
Муминахон Абдулвоҳизода ба наврасону ҷавонон ва навроҳоне, ки дар зинаи интихоби касб қарор доранд ва ё дар роҳи рушди касбӣ талош мекунанд, аз таҷрибаи худ якчанд маслиҳати муфид пешниҳод кард.
Ба андешаи ӯ, завқи омӯхтан ин сарчашмаи муваффақият аст. Донишомӯзи ҷавон маслиҳат медиҳад, ки тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ, хондани мақолаҳо ва иттилоъ доштан аз фаъолияти созмонҳои дар соҳаи марбут ба об фаъолиятткунанда ба воситаи саҳифаҳои онҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ муфид аст.
“Ҳоло омӯзишҳои зиёди онлайнӣ ва манбаъҳои дастрас мавҷуданд, ки барои фаҳмиши фаъолияти системаи обрасонӣ, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он кӯмак мекунанд”, – илова мекунад Муминахон.
Ҳамчунин, ин донишҷӯдухтар иштирок дар лоиҳаҳои экологӣ ва фаъолияти волонтёриро маслиҳат медиҳад.
“Клубҳои донишгоҳӣ ё мактабӣ (дарсҳои биология, экология, гидрология) баъзан воситаи хубе барои оғоз ва шиносоӣ бо афроди ҳамфикранд. Кӯшиш кунед, ки ба Aral Summer School дархости иштирок супоред”,- тавсия медиҳад ӯ.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо пешниҳод мекунад, ки ҳангоми таҳсилот кори таҳқиқотии худро ба мавзуи об равона кунед.
“Ҳатто агар ихтисосатон бевосита бо об алоқаманд набошад, ҳамеша роҳи пайваст кардани он бо соҳаи об вуҷуд дорад”,- таъкид мекунад ӯ.
Дар фарҷоми қиссаи таҷрибаи худ Муминахон бори дигар таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид карда гуфт, “онҳо барои шунидани “овоз”-и ҷавонон майдон фароҳам меоранд ва ин имкони хубест барои омӯзиш ва саҳмгузорӣ.
Нозанини Исмадшоҳ