logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон сардори яке аз раёсатҳои Вазорати тандурустӣ таъин шуд

Фарзона Эмомалӣ аз соли 2021 пас аз хатми донишгоҳ дар ин раёсат ба ҳайси мутахассис кор мекард.

Your tj

15:5113.08.2025

Духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон сардори яке аз раёсатҳои Вазорати тандурустӣ таъин шуд

Фарзона Эмомалӣ сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ таъин шудааст.

Дар ин бора вазорати мазкур дар саҳифаи худ дар фейсбук хабар дод.

Фарзона Эмомалии 27-сола духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аст.

Тибқи иттилои вазорат ӯ аз соли 2021 дар ин раёсат ба ҳайси мутахассис кор мекард.

Фарзона Эмомалӣ соли 1998 таваллуд шуда, соли 2020 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, соли 2022 ординатураи клиникии донишгоҳи мазкур ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм кардааст.

Дар тавсифномае, ки Вазорати Тандурустӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, Фарзона Эмомалӣ муҷаррад ва соҳиби як кӯдак буда, инчунин узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ