Духтари 20-сола дар Душанбе худро аз ошёнаи 10-ум партофтааст

Зимни азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазуни «аз ягон нафар шикоят надорам» дарёфт гардидааст.


Аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазмуни "аз ягон кас шикоят надорам" дарёфт гардидааст

Акс аз сомонаи РВКД ш.Душанбе

Ҷавондухтари 20-солае дар шаҳри Душанбе аз ошёнаи 10-ум худро ба замин партофта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса дирӯз – 28 ноябр, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рух додааст.

Гуфта мешавад ҷавондухтари 20-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ӯ бо мақсади худкушӣ ба ошёнаи 10-уми бинои №52/46 кучаи С.Айнӣ баромада, ба воситаи тиреза худро ба замин партофтааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазуни «аз ягон нафар шикоят надорам» дарёфт гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур санҷиш ҷараён дорад.