fbpx

Духтари 14-солае, ки дар Маскав таваллуд кард, ҳамсолашро аз Қирғизистон дар таҷовуз айбдор мекунад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-2
-2 points
Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд
Акс аз сомонаи 365dm.com

Дар Хоруғ ноболиғи 9-сола баъди пахши автомобил ба ҳалокат расидааст

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучархасавори ноболиғ бар асари бархӯрд бо автомобил ба ҳалокат расид. Дар ин бора ВКД ҶТ  гузориш медиҳад.

Дар Хоруғ ронанда ноболиғи велосипедронро пахш кард
Акси марбута аз gazeta.uz

Гуфта мешавад, садамаи нақлиётӣ рӯзи 18 апрел, тахминан соати 18:30 дар маҳаллаи Тем рух додааст.

“Ронандаи автомобили тамғаи “Чанху” Абдураҳмон Лутфишоев, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Тем, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, дучархасавор Фрайдун Давлатназарови 9-соларо пахш кардааст”,- омадааст дар хабари ВКД. .

Кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

“Ҳоло барои муайян кардани ҳолати ба амал омада аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад”,- гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли 2022 дар кишвар 196 ҳодисаи садама ба қайд гирифта шудааст. Дар онҳо 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Духтари 14-солае, ки дар Маскав таваллуд кард, ҳамсолашро аз Қирғизистон дар таҷовуз айбдор мекунад

Дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия як хонандаи синфи 7, духтари 14-сола таваллуд кардааст. Вай иддао дорад, ки баъди таҷовуз ба номусаш ҳомиладор шудааст. Дар ин кор ҳамсолашро аз Қирғизистон айбдор кардааст.

Таҷовузи духтари ноболиғ
Акси марбута аз avatars.mds

Тавре Telegram-канали Mash иттилоъ медиҳад, духтар бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Дар мактаб хонишаш суст буда, дӯстонаш кам аст.

Чанд рӯз пеш ӯ бо волидонаш ба маркази савдо рафт. Дар он ҷо ҳолаташ бад шуда, сараш чарх зад ва дар шикамаш дарди шадидро эҳсос кард. Ба ҷойи ҳодиса мошини ёрии таъҷилиро даъват карда, ноболиғро ба бемористон интиқол доданд.

Маълум шуд, ки духтарак дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ қарор дорад. Табибон барои наҷоти ҳарду ҷарроҳии қайсарӣ анҷом доданд. Кӯдаки навзод ва духтари мактабхон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Волидони духтар ҳомиладории духтаррои пай набурда будаанд. Ба гуфтаи онҳо, духтар бо касе ҳамгап намешуд.

Баъдан худи ноболиғ гуфт, ки дар майдони варзишӣ бо як ҳамсолаш аз Қирғизистон вохӯрдааст. Духтарак иқрор шуд, ки вақте дӯсти наваш бо номи Бека ӯро таҷовуз кард, натавонист мубориза барад.

Полис кӯшиш кард, ки падари эҳтимолии кӯдакро пайдо кунад, аммо ӯ ба Қирғизистон фирор кардааст. Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомӣ таҳқиқ доранд. Алайҳи волидони духтар барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

СММ фаъолияташро дар Афғонистон эҳтимол қатъ кунад

Созмони Милали Муттаҳид барои моҳи оянда аз Афғонистон берун бурдани кормандони хориҷӣ ва қатъи тарҳҳояш дар ин кишвар, дар сурати ба даст наомадани мувофиқа бо Толибон* барои иҷозаи фаъолияти занон дар ин созмон омодагӣ мебинад.

Дар ин бора Аким Стайнер, роҳбарои Барномаҳои рушди СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Ибтидои моҳи ҷорӣ хабар расид, Толибон донишҷӯдухтарони афғонистониро аз ҳамкорӣ бо маъмурияти СММ манъ кардаанд. Рӯзи 5 апрел СММ хабар дод, ки Толибон расман талаб кардаанд, занони афғонистонӣ дар ҳайати маъмурияти СММ дар ҳудуди Афғонистон кор накунанд.

Аким Стайнер гуфт, айни замон намояндагони СММ бо Толибон ба умеди дарёфти иҷозаи фаъолияти занон дар маъмуриятҳои башардӯстонаи СММ гуфтугӯ доранд.

Толибон баъди сари қудрат омадан дар моҳи августи соли 2021 қадам ба қадам ҳуқуқҳои занони афғонистониро маҳдуд карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар ваъда дода буданд, ҳуқуқи занонро ҳифз хоҳанд кард.

Толибон вазорати кор бо занонро барҳам доданд, дастрасӣ ба мактаб ва донишгоҳҳоро барои духтарон маҳдуд карданд, занонро аз машғул шудан ба варзиш манъ намуданд ва дастур доданд, ки занони наттоқи телевизионҳо бояд ҳиҷоб пӯшанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Се шаҳрванди Узбекистон дар сӯхторе дар Русия ба ҳалокат расидааст

Дар вилояти Томски Русия дар натиҷаи сӯхтор се шаҳрванди Узбекистон ба ҳалокат расидааст.

Расонаи маҳалии “VTomske” иттилоъ додааст, ки сӯхтор шаби 15 апрел дар як манзили зист дар шаҳри Асино сурат гирифт ва кормандони наҷот баъди рафтан ба маҳалли ҳодиса ҷасади се марди 21, 34 ва 50-солара пайдо кардаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд.

Дар робита ба ин ҳодиса як шаҳрванди 43-солаи Узбекистон, ки қурбониён дар хонаи ӯ иҷоранишин буданд, дастгир шудааст. Соҳибхона ба он айбдор мешавад, ки риояи қоидаҳои зиддисӯхторро дар хонааш таъмин накардааст. Зидди ин мард бо банди “Нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст”, парванда боз гаштааст.

Солона садҳо нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия дар ҳодисаҳои мухталиф ҷони худро аз даст медиҳанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend