Дилрабо Зунунӣ, бонуи аксбардорест, ки аз рӯи шавқу завқи аксбардорӣ корашро дар яке аз бонкҳои бонуфуз бас карда, ба ин соҳа омадааст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи аксбардорони “Marry me” дар тӯйҳо хизматрасонӣ менамояд, ҳамчунин мизоҷони худро дорад, ки барои гирифтани аксҳои профессионалӣ муроҷиат мекунанд.
Муаллифи Your.tj бо Дилрабо оиди нозукиҳо ва муваффақиятҳои касби аксбардорӣ барои бонувон суҳбат орост ва аз қиссаҳои ҷолиби ӯ нақл кард.
Орзуҳое, ки Дилраборо аз кори бонк ба аксбардорӣ оварданд
Дилрабо маълумоти олии иқтисодшиносӣ дорад. Ӯ Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кардааст. Вале шавқу ҳаваси беандоза ба аксбардорӣ қаҳрамони моро аз кори идоранишинӣ берун овард ва ҷаҳони наверо ба рӯяш боз кард.
Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, дар ҳамин ҷо ба воя расидааст. Дар хурдӣ бештар ба расмкашӣ шавқ дошт ва орзу мекард, ки тарроҳи либос шавад. Аксҳои рӯйи маҷаллаҳо диққати ӯро ҷалб мекарданд ва дар дилаш хоҳише пайдо мешавад, ки аксҳои бардошта ӯ ҳам дар рӯйи маҷаллаҳо нашр шаванд.
“Ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки суратгир мешавам! Ба суратгираки плёнкадор, ки он замон беҳтарин маҳсуб меёфт бо ҳавас менигаристам ва ҳар куҷое онро бинам, ба даст мегирифтам. Баъдан худамон низ соҳиби чунин дастгоҳ шудем ва гоҳ – гоҳ аҳли оиларо аксбардорӣ мекардам. Чун дар он вақтҳо плиёнкаҳо мисли дастгоҳҳои чоп гарон буданд, аз ин рӯ ҳатто дар бораи аксбардор шудан фикр намекардам”,- мегӯяд бонуи суратгир.
Дилрабо баъди солҳо аз нав барои амалӣ кардани ҳавасҳояш кӯшиш мекунад. Гарчанде ки дар ин вақт аллакай соҳиби маълумоту ҷойи кор буд. Ӯ тасмим мегирад ба аксбардорӣ ҷиддитар машғул шавад. Бо ҳамин мақсад суратгираки профессионалӣ ва тамоми дастгоҳу таҷҳизоти лозимаро харидорӣ карда, дар курсҳои омӯзишии аксбардорӣ нозукиҳои ин касбро меомӯзад. Ҳамин тавр пурра касбашро аз идоранишинӣ ба суратгирӣ иваз мекунад.
“Дар айни замон ин касби асосиям аст. Ман ҳам дар тӯйҳо аксбардорӣ мекунам ва ҳам аксҳои портретӣ мегирам, худро бо яке аз онҳо маҳдуд намесозам. Аммо ба ҳар ҳол аксбардории тӯёнаро бештар меписандам”,- нақл кард Дилрабо.
“Одамон илҳомбахшанд”. Нигоҳи тозаи Дилрабо дар аксҳо
Ба ҳамсуҳбати мо бештар одамон ва тамошои филму гӯш кардани мусиқӣ идеяҳои навро барои аксбардорӣ ба вуҷуд меоранд. Маҳсули дастгоҳҳои суратгирии аксбардорони Осиёи Марказиро бошад илҳомбахши кори худ медонад.
Ҳар аксбардор вобаста ба табъу завқи хеш акс мегирад, ки ҳар яки он ба худ мазмунеро доро мебошад ва хулқу атвори муаллифро низ метавон аз онҳо муайян кард. Дар робита ба ин қаҳрамони мо чунин гуфт:
“Ман одатан як шахси депрессивӣ ҳастам ва ҷаҳони хешро бо рангҳои сиёҳу сафед тасаввур мекунам. Торикӣ маро бештар ҷалб мекунад. Фикр мекунам, ки дунёи мо хеле бераҳм аст, аммо дар айни замон ишқ ба шакли нуре дар он ҷилва медиҳад ва ҳамаро равшан месозад. Ва ин ҳамон чизест, ки ман кӯшиш мекунам тавассути тасвирҳои худ баён созам”.
“Аксбардорӣ касби ҷиддӣ нест”
Ба гуфтаи Дилрабо аксбардорӣ имрӯз касби серхаридор аст. Волидонаш тасмими ӯро хуб қабул кардаанд, гарчанде ба ақидаи аксари калонсолон аксбардорӣ он қадар касби ҷиддӣ шуда наметавонад. Аз байни аъзоёни хонавода ӯро бисёртар хоҳараш дастгирӣ мекунад.
Дар ҷомеаи мо сафи духтарони аксбардор ангуштшуморанд. Махсусан, дар маросими тӯй духтарони аксбардорро қариб, ки вонамехӯрем. Аммо ин барои қаҳрамони мо ягон мушкилӣ пеш намеорад ва ба гуфтаи ӯ ҳунарашро дар ин гуна маросимҳо мардум хуш қабул мекунанд.
“Ба наздикӣ ман бо як дӯстам сӯҳбат доштам. Ӯ даъво дошт, ки масъулиятшиносӣ дар духтарон камтар аст ва аз ин рӯ барои онҳо иваз кардани касб ё озод шудан аз он осонтар аст. Аммо ин комилан дуруст нест, зеро вазъият дар ҳар оила ҳар хел аст. Духтароне ҳастанд, ки нисбат баъзе писарон масъулиятшиностаранд.
Бояд дарк кард, ки на ҳама метавонад заҳмати каси дигарро қадр кунад. Аксар вақт одамони ҳамфикрро пайдо кардан мушкил аст. Аммо хушбахтам, ки гурӯҳи ҳамкасбони боистеъдоди ман дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ мекунанд. Дар алоқа бо ҷомеаи ҳамфикрон будан муҳим аст, ҳатто агар он ҷомеа дар кишвари дигар ҳам бошад.
Азбаски аксбардорон дар Тоҷикистон одатан мардонанд, ба назар чунин менамояд, ки духтарони аксбардор умуман вуҷуд надошта бошанд. Вале ин гуна нест. Мо духтарони зиёде дорем, ки ҳама аксбардорони хубанд!Танҳо вақте як духтарро дар саҳнаи тӯй машғули аксбардорӣ мебинанд, каме дар ҳайрат меафтанд”,- илова намуд Дилрабо Зунунӣ.
Эътироф ва пайравӣ – роҳи муваффақияти аксбардори хуб
Қаҳрамони мо мегӯяд, дар дилхоҳ соҳа баҳои хуби мардум ва эътирофи онҳо шахсро рӯҳбаланд месозад. Ҳаваси ба мартабаҳои боз ҳам баланд расиданро бештар мекунад. Вале дар ҳар соҳае мутахассисони касбие, ки таҷрибаи бештар доранд, барои навомӯзон намунаи хуб шуда метавонанд. Онҳое, ки нав ба фазо ворид мешаванд, бо такя ба услуби ин нафарон қадамҳои худро устувортар месозанд.
“Аз аксбардорони соҳаи мӯд ҳунари Питер Линдберг, корҳои Ирина Воротинсева, Максим Баев ба ман хеле маъкуланд. Аз аксбардороне, ки суратҳои тӯёна мебардоранд, аксҳои Татяна Созонова, Екатерина Домрачева ва Федор Бородинро меписандам.
Барои ман аксбардори касбии ватанӣ дар ин самт Баҳодур Мансуров аст. Замоне ҳамроҳи ӯ ҳамчун суратгири дуюм дар тӯйҳо будам ва кори ин шахс барои ман ҳамчун намунаи касбиятнокӣ боқӣ мемонад”,- афзуд Дилрабо.
Маблағгузорӣ ба касби эҷодӣ зарур аст!
Ӯ дар баробари завқу касбияти баланд, маблағгузории хубро дар соҳаи интихобкарда муҳим мешуморад. Вале сатҳи касбиятро аз миқдори маблағи аз он бадастоварда муайян карда намешавад.
Ба гуфтаи Дилрабо касбият – ин масъулиятшиносӣ, тозакорӣ, сатҳи олии иҷроиши кор, эҳтироми мизоҷон ва хушмуомилагӣ аст. Чизҳое ҳастанд, ки аксбардор ба мизоҷи худ, масалан дар рӯзи тӯйи арӯсӣ гуфта наметавонад. Махсусан ба арӯсоне, ки бештар бо онҳо кор кардан лозим меояд.
“Вақте ба ин фазо дохил шудан мехоҳӣ, бояд бидонӣ, ки дар он маблағҳои таърифиеро, ки мегӯянд, ёфтан ниҳоят мушкил аст. Бояд пайваста барои навовариҳо, имкониятҳои нав ва муҷаҳҳаз сохтан бо техникаҳои замонавӣ хароҷот намоӣ. Бояд завқу биниши худро тавассути таҷрибаи онҳое, ки дар озмунҳо ғолиб меоянд ва мавриди эътирофи ҳамагон қарор доранд инкишоф диҳӣ”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дилрабо бештар аксҳои тасодуфиро меписандад. Ба нақли ӯ муваффақияти як акс ба ғайр аз аксбардор инчунин ба мизоҷ низ вобастагии калон дорад.
Натиҷаҳои беҳтарини Дилрабо ҳамчун аксбардор
“На ҳама метавонанд ҳангоми аксбардорӣ мувофиқи табъу завқи шумо амал кунанд ва лозим аст, ки ин шахсро ба худ тобеъ кунед, то дар натиҷа аксҳои зебо офарида тавонед. Вале на ҳама дарк мекунад, ки танҳо 50% – и муваффақият аз суратгир вобаста асту бас”,- афзуд қаҳрамони мо.
Дилрабо барои аксбардории эҷодӣ танҳо як соатро кифоя медонад. Ба гуфтаи ӯ аз 300 кадри хом танҳо 30 – тоаш метавонад ба таври хостаи дилатон бошад.
Аксҳои бардоштаи ӯро портали “Lensculture” дар Critics Choice муаррифӣ кардааст ва портали Dehazed кори ӯро ду маротиба дар аксҳои интихобии моҳ ба намоиш гузоштааст. Хушбахтона дар чанд маҷаллаҳои Аврупо низ аксҳояшро нашр кардаанд.
Дилрабо нияти ба кори идоравӣ баргаштанро надорад ва мехоҳад ҳамчун аксбардор фаъолияташро идома дода, рушд кунад. Ӯ нақша дорад тиҷорати шахсиашро барои банақшагирӣ ва баргузории тӯйҳо ташкил диҳад. Қаҳрамони мо бовар дорад, ки таҳсилот ва таҷрибаи шашсолаи ӯ ҳамчун муҳосиб барои ташкили тиҷораташ ба манфиат хоҳад буд.
Қурбоной МУҚИМӢ