Духтарчаи дусолаи тоҷик, ки дар Русия аз ошёнаи 4-ум афтода буд, вафот кард

Вазъи кӯдак шабона бад шуд.


Духтарчаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи чорум афтид

Акс аз nevnov.ru

Ҳолати духтараки дусолаи тоҷик, ки рӯзи 12-уми апрел аз тирезаи ошёнаи чаҳорум дар кӯчаи Первомайскаяи шаҳри Николскоеи вилояти Ленинград ба замин афтода буд, шабона бад шуд.

Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ гуфтааст, ки “табибон ҳаёти кӯдакро наҷот дода натавонистанд”.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони консулгарӣ барои фиристодани ҷасади духтар ва волидонаш ба Ватан кӯмак хоҳанд кард.

Кӯдакро бо осеби сар ва шикастаҳои ба ҳаёт хатарнок ба бемористон бурда буданд. Замоне ки аҳли хонавода ба рӯбучин машғул буданд, духтарак аз ошёнаи 4-ум афтид. Ӯ ба лаби тиреза, ки бо баландии диван баробар буд баромад. Аҳли хонавода аз ин бехабар монданд ва ӯ аз тирезаи кушода ба замин афтод.

Падари духтар 10 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта буд ва зану фарзандонаш (ба ҷуз аз духтарак дар хонавода ду кӯдаки дигар ҳастанд) пас аз чанд моҳ ба назди ӯ рафтанд.

Пас аз ин ҳодиса модари духтаракро ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ба гуфтаи Назарӣ, ҳоло ин зан озод шудааст ва ӯ ба Тоҷикистон меравад.