Духтараки 6-сола зинда монд. Ҳалокати 5 нафар дар як садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ронанда ва чор мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як духтараки 6-солаи сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда монда, вале захмӣ шудааст.


Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ боиси марги 5 нафар шуд

Акс: КҲФ

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Гуфта мешавад, ронанда ва чор мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як духтараки 6-солаи сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда монда, вале захмӣ шудааст.

Ҳодиса дирӯз, 28 март, соати 12:40 ба вақти маҳаллӣ дар километри 148,3 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнӣ мегузарад, рух додааст.

Ронандаи 33-солаи автомашинаи тамғаи “Ravon” сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе идораи нақлиётро аз даст дода, ба самти поёни роҳ сарозер шудааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасади ронанда ва мусофиронро аз мошин берун бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пас аз расонидани ёрии аввал ба духтараки маҷруҳшуда, ӯро ба табибон супурдаанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткорӣ бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.