fbpx

Ду соли зиндон ба духтари 22 – сола бо ҷурми куштори хушдоман

"Аз лаҳзаи содир шудани ҷиноят то имрӯз Салимова тамоми ҳаракату рафтори худро пурра ва дуруст мефаҳмад".


0

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фозила Салимоваи 22 – сола, сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми куштори хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58 – сола ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Наздикони зани кушташуда бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Фарзона Мӯсоева, духтари Зиннатбибӣ Носирова, ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ҳукми додгоҳ рӯзи 28 сентябр аз сӯи судя Мавҷуда Қосимзода содир шудааст. Худи фоҷиа рӯзи 23 майи соли ҷорӣ рух дод.

Ӯ афзудааст, ки онҳо аз ин қарор қаноатманд нестанд, зеро суд парвандаро тибқи моддаи “куштор дар ҳолати шадиди рӯҳӣ” баррасӣ кардааст.

“Янгаам модарамро бо бераҳмии махсус кушт ва ҳолати рӯҳияш хуб буд. Модарамро дар хонаи худаш бо зарби 27 корд кушт, вале ӯро ҳамагӣ 2 сол зиндонӣ карданд. Ин беадолатист”, – гуфт Фарзона Мӯсоева.

Наздикони ин зан ба Прокуратураи генералӣ номаи шикоятӣ нисбати тафтиши парвандаи ҷиноӣ ирсол намуда, талаби “айбдор кардани келин дар куштор”- ро кардаанд, зеро “бо сабабҳои номаълум” баррасии парванда тибқи қисми 1 – и моддаи 106 оғоз шудааст, на моддаи «куштор».

«Нисбати Фозила Салимова дар ибтидо бо қисми 1 моддаи 104 (куштор) парванда боз шуда буд, вале дар ниҳоят муфаттишон бо такя ба хулосаи ташхиси равоншиносӣ бо моддаи 106, қисми 1 (куштор дар ҳолати шадиди рӯҳӣ) парванда боз кардаанд, ки мо ба ин розӣ нестем… Аз лаҳзаи содир шудани ҷиноят то имрӯз Салимова тамоми ҳаракату рафтори худро пурра ва дуруст мефаҳмад», – гуфт духтари зан.

Дар ҳамин ҳол, хонавода ният надорад, ки аз болои ҳукм ба зинаҳои боло шикоят барад, зеро ба адолати додгоҳӣ бовар надоранд.

“Ин сарфи беҳудаи пул, вақт ва қувват аст” мегӯяд ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend