logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ду сокини Шаҳринав барои фиреби зоирон боздошт шуданд

Онҳо бо ваъдаи фиристодан ба Маккаву Мадина аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифта, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд.

Your tj

17:0506.07.2023

Ду сокини Шаҳринав барои фиреби зоирон боздошт шуданд

Ду сокини Шаҳринав барои фиреби 60 нафар бо ваъдаи фиристодан барои зиёрати Ҳаҷ боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ду сокини ноҳияи Шаҳринав 60 нафарро бо ваъдаи фиристодан ба Маккаву Мадина фиреб додаанд. Онҳо аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифта, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд.

Аз боздоштшудаҳо, Неъматулло Солиев ва Исломиддин Ализода ном бурда шуд. Нафари сеюм дар ҷустуҷӯ будааст.

Назари афроде, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шудаанд ба ин иттиҳом маълум нест. Вазорат дар барномаи телевизиониаш таъкид кардааст, ки раванди адои ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон танҳо аз сӯйи Кумитаи дин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ танзим мешавад.

Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ