Ду шаҳру ноҳия ва ва чанде аз шаҳраку ҷамоати деҳоти шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар рӯзи якуми даъвати ҳарбии тирамоҳӣ нақшаро сад дар сад иҷро кардаанд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.
Ҳамин тариқ, шаҳри Панҷакент, ноҳияи Шаҳристон, ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем, Лаккон ва шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, то рӯзи аввали даъват 428 нафар ҷавонони синни даъвати шаҳри Панҷакент аз комиссияи тиббӣ гузашта, 270 нафари онҳо дар мактаби ронандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд.
Дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ имсол низ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дод.
Баъдтар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт низ гуфтанд, ки нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100% иҷро кардаанд.
Даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад. Тибқи фармони президент имсол ҷавонони соли таваллудашон 1997-2006 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.